Пироҳани ҷилодори рэпсарои амрикоӣ Карди Би ҳангоми ҳунарнамоияш дар саҳна даридааст, хабар медиҳад рӯзномаи “Daily Mail”-и Амрико.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 16-уми июни соли равон дар саҳнаи Фестивали санъат ва мусиқии Боннару (“Bonnaroo Arts аnd Music Festival”), ки дар иёлоти Теннессии Амрико баргузор гардида буд, ба вуқуъ пайвастааст.

Дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд, дида мешавад, ки пироҳани ҷилодори овозхон ҳангоми ҳунарнамоияш медарад ва ӯ пироҳани даридаро бадар карда, хилъати сафед мепӯшад ва сароиданро давом медиҳад.

Дар аксҳои паҳншуда низ дида мешавад, ки пироҳани Карди ниҳоят танг аст ва ба рақсҳои пуршиддату ҳаракатҳои ноҷои овозхон тоб наоварда, даридааст.

Дар моҳи январи имсол Карди шимҳои ҷинси занонаи хонаи мӯди “Dolce & Gabbana”-ро, ки ба назар хеле номувофиқ менамуданд, дар шабакаҳои иҷтимоияш таблиғ карда, мавриди сарзаниши обуначиёнаш қарор гирифта буд.

Карди Би зодаи шаҳри Ню-Йорки Амрико мебошад ва ҳамагӣ 26 сол дорад. Фаъолияти эҷодияш 4 сол қабл, аз соли 2015 шурӯъ шудааст. Феълан танҳо ва соҳиби як духтарча мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here