Ҳунарпеша ва модели машҳури ҳинд Приянка Чопра худро дар оянда сарвазир ва шавҳарашро президент дидан мехоҳад, хабар медиҳад сомонаи “Попкорнnews”.

Манбаъ менависад, ки ҳунарпеша ва шавҳараш баъди сафар ба Африқо ба сифати намоянда ва сухангӯи созмони ЮНИСЕФ ояндаи худро бо сиёсат алоқаманд ҳисобидаанд.

“Бисёр мехоҳам, ки сарвазири Ҳиндустон бошам ва орзу дорам, ки шавҳарам низ замоне президент шавад. Ман дар бораи сиёсат бисёр чизро дӯст намедорам, вале яқин ману шавҳарам тағйироти мусбӣ ҷорӣ кардан мехоҳем”,-гуфтааст Приянка Чопра ба хабарнигорон.

Шавҳари ҳунарпеша Ник Ҷонас ҳамагӣ 26 сол дорад ва оҳангсоз аст, вале Приянка боварӣ дорад, ки аз Ник пешвои хуб мебарояд.

“Ман ба нафаре ба шавҳар баромадам, ки феминист (феминизм-ҳаракати сиёсӣ барои ҳифзи ҳуқуқи занҳо) аст. Ӯ худро чунин ном мебарад ва аз ин намеҳаросад. Ӯро ба хотири ҳамин кораш дӯст медорам”,-афзудааст ҳунарпеша.

Муносибат миёни Приянка ва Ник аввалҳои соли 2018 оғоз гардида, дар моҳи декабри ҳамон сол онҳо оиладор шуданд. Ник амрикоӣ бошад ҳам, тӯйи онҳо дар Ҳиндустон, дар зодгоҳи Приянка баргузор гардидааст. Ник аз Приянка 10 сол хурд аст, вале ба ин нигоҳ накарда, оилаи ҷавон хеле хушбахтанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here