Имрӯз, 21-уми апрел Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Примадоннаи санъати овозхонии тоҷик Сурайё Қосимова ба синни 62-солагӣ қадам гузошт.

Овозхонро ба ин муносибат фарзандон ва дӯстону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ табрик намудаанд.

Сурайё Қосимова ҳанӯз соли 1980 рӯи саҳнаи тоҷик омада, дар солҳои 1990-2000 беҳтарин ва маъруфтарин овозхони кишвар дониста мешуд. Таронаҳои “Фиғон дорам” (2019), “Ширин гуфтор дорӣ” (2019), “Майда-майда” (Ҷумъахон Сафаров, 1991), “Шод бимонӣ” (2000), “Аё наздики дил” (Ҷамшед Исмоилов, 1991), “Шинохтам” (1987) дар репертуари овозхон беҳтарин таронаҳо ба шумор мераванд.

Овозхон ду маротиба оиладор шуда, аз издивоҷи якум Рӯзигул ва Шабнам ва аз издивоҷи дуюм Фарзона ва Эмомалиҷонро ба дунё овардааст. Шабнам ва Фарзона роҳи пешанамудаи модарро интихоб карда, имрӯз дар ҷодаи санъат муваффақанд. Вале ягона писари овозхон, ки аз бемории саратони хун ранҷ мекашид, дар соли 2017 аз олам даргузашт.

Сурайё Қосимова 21-уми апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омада, имрӯз ба синни 62-солагӣ қадам гузошт. Дорандаи унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ордени “Шараф” ва дигар ҷоизаҳои давлатӣ мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here