Раҷаб Ҳусейн, Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ дар як навори кӯтоҳе, ки дар канали “Cinema Синамо” дар шабакаи YouTube рӯзи 10-уми апрел нашр шудааст, сабаби муваффақ нашудани аксар филмҳои тоҷикии замони муосирро дар коргардонҳои ҷавони бетаҷриба ва камҳунар медонад.

“Асос сенария, сенария бояд хуб бошад. Дуюм техника, студия техникаи хуб дошта бошад. Сеюм маблағ. Агар маблағи хуб дошта бошед, филми хуб ба навор гирифта метавонед. Дар ҳолати кам будани маблағ, фикри шумо зиёд аст, вале маблағ ночиз. Дар ин ҳолат маҷбур мешавед, ки чизеро таваллуд кардан мехоҳед, қайчӣ мекунед, кӯтоҳ мекунед ва дар охир чизи хуб намебарояд. Бинобар ин маблағ ҳам барои хуб баромадани филм чизи зарурӣ аст”,-гуфтааст ҳунарманд дар навори мазкур.”

Пас аз навиштани филмномаи хуб, пайдо намудани техникаи ба талабот ҷавобгӯ ва ёфтани сарпараст, коргардон барои дар сатҳи баланд омода намудани филм нақши калидӣ дорад. Бархе аз коргардонҳои ҷавону камтаҷриба кӯшиш мекунанд, ки худашон ҳам муаллифи филмнома ва ҳам дар нақши асосӣ бошанд. Дар интихоби ҳунарманд аксар маврид иштибоҳ карда, ба ҷои ҳунармандони касбӣ, ёру дӯстони худро ба филм ҷалб менамоянд. Ин нуқтаро Раҷаб Ҳусейн низ чун дигар ҳунармандон дар сӯҳбаташ гуфта гузаштааст.

“Шояд коргардон ба дараҷаи зарурӣ коргардони асил нест. Дуюм, шояд маблағи зиёд надорад. Сеюм, дар интихоби ҳунармандон хато мекунанд. Ёру рафиқони худашонро даъват карда, ба онҳо нақш медиҳанд. Ба ҳамин хотир филмҳояшонро тамошобинон хуб қабул намекунанд. Тоҷикӣ карда гӯем, аз “Колхози Россия” он тараф намеравад.”

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here