Раёсати андози вилояти Суғд фаъолияти сарояндаҳо, навозандаҳо ва банаворгирандаҳое, ки дар тӯю маъракаҳои мардум хизмат мекунанд, мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷа нисбати бархе аз онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб додааст.

“Санаи 26-уми март ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар тарабхонаи “Мирзоён”-и шаҳри Хуҷанд сарояндаи ҷавон Азимов Низомҷон Салимович (Низомҷон Азимов), ки номбурда, ҳамчун навозанда ба мақомоти андоз ба қайд гирифта, дар асл аз моҳи январи соли 2018 ба сурудхонӣ машғул будааст”-гуфтааст Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Инчунин, Раёсати андози вилояти Суғд таъкид намудааст, ки санаи 4-уми марти соли 2019 ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар тарабхонаи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Хуҷанд сарояндаи шинохтаи вилоят Қобилов Икром Исломович (Икром Исломӣ), бе қайди давлатии нозироти андоз ба сурудхонӣ машғул шудааст, ки нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, сароянда ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё ба маблағи 1650 сомонӣ ҷарима шудааст.

Дар баробари Низомҷон Азимов ва Икром Исломӣ, инчунин нисбати Дамирбек Олимов, Ихтиёр Ёрматов ва чанд тани дигар аз овозхонҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, бо маблағи умумии 7425 сомонӣ ҷарима муайян шудааст.

Бино ба иттилои мақомоти андоз дар вилояти Суғд ба ҳолати 1-уми апрели соли 2019 дар миқёси вилоят мувофиқи феҳристи ягонаи давлатӣ 95 нафар сароянда, 277 нафар навозанда дар мақомоти андоз ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи сарояндагон 16 нафар ва навозандагон 37 нафар зиёд шудааст.

Хабар бо такя ба сомонаи Sputnik Тоҷикистон омода шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here