Равоншиносон муайян кардаанд, ки сару либосе, ки шахс ба бар мекунад, чигунагӣ ва хислату хӯи ҳамон нафарро ифода мекардааст.

Ҳар хислате, ки одам дар ботини худ тарбия мекунад, дар ранги либосаш таҷассум меёбад. Қисме аз одамон мувофиқ ба ранги чашм, пӯст ва мӯяшон либос интихоб менамоянд.

Мутахассиси олмонӣ оид ба интихоби ранги либос Йоханнес Литтени одамонро аз рӯи обуранги табиӣ ба гурӯҳҳои баҳорӣ, тобистона, тирамоҳӣ ва зимистона ҷудо кардааст.

Одатан ранги пӯсти одамони баҳорӣ сабзина мешавад ва онҳо чашмони кабуд ё сабз доранд. Мӯйҳои ин тоифаи инсонҳо тиллоранги тобон ё ҷигарранг мебошад. Ба ин тоифаи одамон либосҳои гулобиранг, сабзи равшан ва ё зардчатоб хосу зебанда мебошад.

Одамони тобистона бошанд, ранги пӯсташон сафед ва чашмони кабудранг доранд. Инсонҳои ин мавсим либоси кабуд ва гулобӣ ба бар кунанд, ба онҳо хеле шинам меояд.

Нафарони фасли тирамоҳ шабеҳи ҳамин фасли соланд, яъне тиллорангу дурахшанда. Одамоне, ки бештар либосҳои осмонранг ба бар мекунанд, эҳсосӣ ва дорои тахайюлоти рангин ҳастанд. Ба бар намудани либосҳои рангаш нилобӣ аз мустақил ва соҳибхирад будани ҳамон шахс гувоҳӣ медиҳад. Ин гуна инсонҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ором бошанд.

Ранги зардро ба инсонҳои наҷиб хос медонанд. Ин гуна инсонҳо тарзи ҳаёти фаъолона доранд. Инҳо асосан одамоне ҳастанд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ ҳастанд ва мудом дар мадди назар қарор доранд.

Шахсоне, ки дилбохтаи ранги сиёҳ ҳастанд, зуд ба шӯр меоянд ва хеле мағруру ҳавобаланданд. Ин сифат ба пешвоён хос аст.

Аз рӯи ранги дӯстдоштаатон ба кадом фасли сол тааллуқ доштан ва чӣ гуна инсон будани худро муайян созед. Андешаҳои дар боло зикрнамудаи мо ба шумо андаке бошад ҳам, кӯмак хоҳад кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here