Сарояндаи маъруфи кишвар Фарзонаи Хуршед, ки айни ҳол бо даъвати яке аз визажистони номии Русия Гоар Аветисян дар Москва қарор дорад, навори сайругашт ва рақсу бозии худро дар яке аз меҳмонхонаҳои машҳури Москва нашр кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Фарзона аз зинапояҳои меҳмонхонаи маъруфи “Рэдиссон Коллекшен Отель Москва” поин шуда ба лифт медарояд ва наворбардори худро ба даруни лифт мехонанд. Онҳо бо лифт баланд мешаванд ва ба ҳуҷрае медароянд, ки зоҳиран Фарзона онҷо меистад. Ба назди оина омада Фарзона ба рақс медарояд. Аз оина маълум аст, ки онҳо дар ошёнаи аз ҳама баландтарини меҳмонхона қарор доранд.

Наворро Фарзона дар саҳифаи инстаграми худ нашр кардааст.

View this post on Instagram

2020

A post shared by Фарзонаи Хуршед (@farzonakhurshed) on

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here