ҲафтаномаиҶавонони Тоҷикистон” саҳифаи “Рейтинг”-ро дубора эҳё кард ва ҳар ҳафта 10 нафар аз беҳтаринҳои дилхоҳ касбу кор муайян карда мешаванд.

Ин навбат 10 нафар сарояндаи ҷавони кишвар (то 40 сола) тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум карда шуд, ки овозхони маҳбуб Шабнами Сурайё садрнишини ҷадвал аст.

Овозхони машҳури кишвар Шабнами Сурайё бо касби 80 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Сарояндаи маъруф Нигина Амонқулова бошад, бо гирифтани 75 хол зинаи дуюмро ишғол кардааст.

Ҳамин тавр, Садриддини Наҷмиддин (73 хол), Зулайхо Маҳмадшоева (61 хол), Меҳрнигори Рустам (60 хол), Зиёвиддини Нурзод (56 хол), Фарзонаи Хуршед (55 хол), Фаридуни Хуршед (53 хол), Муҳаммадрафии Кароматулло (44 хол) ва Валиҷон Азизов (43 хол) мақомҳои баъдиро касб кардаанд.

Дар ду шумораи гузаштаи ҳафтанома тариқи саҳифаи “Рейтинг” 10 нафар варзишгар ва 10 нафар рӯзноманигори беҳтарини ҷумҳурӣ муайян карда шуд. Ёдовар мешавем, ки як овоз ба ҷонибдории ин ё он нафар як хол ҳисоб карда мешавад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тасмим гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда 10 нафар сарояндаи миёнсол (аз 40 боло)-ро тариқӣ овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

1 шарҳ

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here