Ин навбат ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар саҳифаи “Рейтинг”-и худ даҳ нафар овозхони синну солашон аз 40-сола болоро муайян намуд.

Овозхони маъруфи кишвар Далер Назаров бо касби 61 хол садрнишини ҷадвал аст. Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов бо гирифтани 57 хол зинаи дувумро ишғол кардааст.

Ҳамин тавр, Афзалшоҳ Шодиев (51 хол), Сурайё Қосимова (46 хол), Давлатманд Холов (45 хол), Зафар Аюбӣ (44 хол), Чилахон Холов (33 хол) Сангалӣ Мирзоев (32 хол), Саидқул Билолов (30 хол) ва Парда Қосим (28 хол) мақомҳои баъдиро касб кардаанд.

Ҳафтаи гузашта даҳ нафар сарояндаи ҷавони кишвар маълум гардида буданд, ки овозхони маъруф Шабнами Сурайё зинаи аввалро ишғол карда буд. Бояд гуфт, ки овоздиҳӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва як овоз бар ҷонибдории ин ё он санъаткор як хол ҳисоб карда мешавад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар ҳафтаи оянда ният доранд, ки ба истиқболи Рӯзи кинои тоҷик даҳ нафар ҳунарманди беҳтарини театр ва синамои кишварро тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here