Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар саҳифаи “Рейтинг”-и худ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик даҳ нафар ҳунарманди шинохтаи кишварро муайян кард.

Ин навбат даҳ нафар ҳунармандони шинохтаи театру синамои ҷумҳурӣ тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардиданд, ки ҳунарманди маъруфи театру синамо Қурбони Собир бо гирифтани 68 хол дар садри ҷадвал қарор дорад.

Ҳунарпешаи хушзавқу соҳибистеъдод Моҳпайкар Ёрова, ки бо нақшҳои ҷаззобаш дар саҳнаи театру майдони наворбардорӣ дили ҳазоронро тасхир кардааст, бо касби 60 хол пас аз Қурбони Собир дар зинаи дувум меистад.

Ҳамчунин, ҳунармандон Убайдулло Раҷабов (53 хол), Марям Исоева (52 хол), Ортиқи Қодир (52 хол), Лутфулло Давлатов (50 хол), Таҳмина Раҷабова (44 хол), Муҳаммадҷон Шодиев (43 хол), Назирмади Мӯсо (35 хол) ва Қиёмиддин Чақалов (33 хол) ҷойҳои боқимондаро сазовор гардидаанд.

Дар ду ҳафтаи гузашта аҳли эҷоди ҳафтанома даҳ нафар овозхони ҷавон (то 40 сола) ва даҳ нафар овозхони миёнсол (аз 40 сола боло)-ро тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян карда буданд.

Дар ҳафтаи оянда масъулони саҳифаи “Рейтинг” тасмим гирифтаанд, ки рейтинги даҳ нафар шоири тоҷикро тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here