Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар саҳифаи “Рейтинг”-и худ даҳ нафар ҳаҷвнигори шинохтаи кишварро муайян намуд.

Ин навбат тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳ нафар ҳаҷвнигори шинохтаи ҷумҳурӣ муайян карда шуд, ки ширинкори маъруфи кишвар, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев бо 78 хол дар зинаи аввал қарор дорад.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи театру синамо ва ҳаҷвнигори маъруф Убайдулло Раҷабов бо 75 хол пас аз Аловуддин Абдуллоев мақоми дувумро касб кардааст. Дар рейтинги қаблӣ миёни ҳунармандон номбурда пас аз Қурбони Собир ва Моҳпайкар Ёрова дар ҷои сеюм қарор дошт.

Ҷойҳои боқимондаро Ҷамшед Ҳалимов (62 хол), Ташриф Халилов (55 хол), Гулбибӣ Абдулхайрова (53 хол), Муқимҷон Абдуфаттоев (47 хол), Бахтиёр Раҳимов (46 хол), Қиёмиддин Чақалов (28 хол), Холмуроди Сиддиқ (26 хол) ва Гулбаҳор Ғаффорова (21 хол) ишғол кардаанд.

Ҳафтаи гузашта масъулини саҳифаи “Рейтинг” даҳ нафар шоири шинохтаи кишварро тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян карда буданд. Ҳафтаи оянда ният доранд, ки бахшида ба 90-солагии Театри тоҷик даҳ нафар ҳунарманди ҷавони театрро маълум намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллоев бо саҳначаҳои ҳаҷвии “Шӯхиҳои Аловуддин”-и худ маҳбубияти халқро ба даст овардааст. “Шӯхиҳои Аловуддин” ягона саҳначаҳои ҳаҷвиест, ки тариқи телевизионҳои давлатӣ пайваста намоиш дода мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here