Филми тахайюлии “Мстители: Финал”, ки ҳама бо беқарорӣ интизораш буданд, рекорди нав гузошт. Дар ин хусус субҳи имрӯз сомонаи “РИА Новости” бо такя ба ширкати филмофарии “Walt Disney Studios” хабар додааст.

Аз рӯи маълумоти ширкати мазкур, филм тавонист дар муддати ҳамагӣ 11 рӯз 2 миллиарду 189 миллион доллари амрикоӣ фоида ба даст орад. Рекорди пешинаро филми “Аватар”-и коргардон Ҷеймс Кэмерон гузошта буд, ки дар давоми 47 рӯз 2 миллиард доллари амрикоӣ ба буҷаи филм ворид карда буд.

“Мстители: Финал” акнун яке аз панҷ филм дар таърих аст, ки зиёда аз 2 миллиард доллар фоида ба даст овард”,-омадааст дар гузориши ширкати “Walt Disney Studios”.

Дар рӯйхати панҷгонаи филмҳои сердаромадтарини дунё ҷои аввалро “Аватар” (2,788 миллиард), ҷои дуюмро “Мстители: Финал” (2,189 миллиард), ҷои сеюмро “Титаник” (2,187 миллиард), ҷои чорумро “Звездные войны: Пробуждение силы” (2,068 миллиард) ва ҷои панҷумро “Мстители: Война бесконечности” (2,048 миллиард) ишғол мекунанд.

Нақшҳои асосиро дар филм Роберт Даунии хурдӣ, Крис Эванс, Крис Хемсворт, Скарлетт Йохансонн, Бри Ларсон, Карен Гиллан ва дигарон бозидаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here