Намоҳанги (клип) нахустини сарояндаи шинохтаву базморои ҷашну сури тоҷик Қадами Қурбон, ки “Азизам” унвон гирифтааст, рӯзи 25-уми март дар канали “JM Company” дар шабакаи YouTube пахш гардид ва дар муддати ҳамагӣ 5 рӯз зиёда аз 1 миллион нафар тамошо карданд.

Ин намоҳанг бо кӯмаку дастгирии овозхони маъруфи кишвар Ҷонибек Муродов рӯи кор омад ва дар кӯтоҳтарин муддат бо зиёда аз 41 ҳазор лайк, қариб 7 ҳазор шарҳ ва зиёда аз 1 миллион бинанда, тавонист рекорди худро гузорад.

Намоҳанги мазкур дар манзараҳои зебои Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст. Таронаи “Азизам” ба қалами Илҳоми Ширин тааллуқ дошта, оҳанг моли Шароф Шакарӣ мебошад. Намоҳанги тозаэҷод тӯҳфаи идонаи Қадами Қурбон ба мухлисону ҳаводорони ҳунараш мебошад

Ҷонибек Муродов бо пахши як навори кӯтоҳ ба кулли тамошобинони ин намоҳанг изҳори миннатдорӣ намуда, хабар дод, ки дар оянда боз ҳам бо Қадами Қурбон ҳамкории худро идома хоҳад дод.

Қадами Қурбон, овозхони 49-солаи тоҷик, ки бо сурудхонии аҷибаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёд дораду ҳар як навори ӯро то 2-3 миллион нафар тамошо мекунанд, чанд моҳ қабл дар зери тозиёнаи танқиди бархе аз афроди ҷомеа монд. Қисме аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тарзу услуби сурудхонии Қадами Қурбонро сахт интиқод карда, иброз доштанд, ки агар ҳол ҳамин гуна давом кунад, санъату фарҳанги тоҷик ба боди фано меравад.

Ин буд, ки моҳи январи соли ҷорӣ Ҷонибек Муродов эълон намуд, ки бо ин овозхон шинос шуда, барои рушди санъати ӯ саҳм хоҳад гузошт ва ин намоҳанги “Азизам” натиҷаи вохӯрӣ ва заҳматҳои эшон мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here