Ӯ бори нахуст соли 2000-ум дар филми “Бигӯ, чӣ мехоҳӣ?!” нақш офарида буд ва қариб ду даҳсола мешавад, ки дар ҷодаи синамо фаъолият дорад. Чеҳраи ӯ дар филми охиринаш “Супер 30” хеле дигаргун шудааст. Ӯ мегӯяд: “Қаҳрамони имрӯза ҷавони ханда бар лабу гитор дар даст нест”.

Мусоҳибаи ҳафтаномаи “Daily News and Analysis”-и Ҳиндустонро, ки бо забони англисӣ чоп мешавад, бо ҳунарманди машҳури ҳинд Ритик Рошан дар тарҷумаи хабарнигори сомонаи “Padida” мутолиа намоед.

-Ритик, филми охирини шумо “Супер 30”-ро тамошобинон хеле хуб пазируфтанд. Ҳис кардед, ки онҳо бештар ба чеҳраи дигаргуншудаи шумо таваҷҷӯҳ карданд?

-Ман қариб 20 сол мешавад, ки дар соҳаи синамо ҳастам ва тағйироти хуберо низ дар ин соҳа дидам. Мазмуни филмномаҳо аз пештара хубтар шудаанд. Дар ин баробар чеҳраи қаҳрамонҳо низ иваз шуданд. Қаҳрамони имрӯза дигар ҷавони ханда бар лабу гитор дар даст нест. Тамошобин дигаргуниро хубтар қабул менамояд ва дар ин баробар худаш рушд мекунад.

-Чӣ шуморо водор мекунад, ки нақшофариро дар ин ё он филм қабул намоед?

-Ман ҳамеша филмномаро беихтиёр қабул мекунам, зеро ба ҳиссиёти худам бовар дорам. Ман ҳеҷ тағйир наёфтаам, танҳо таҷрибаам зиёдтар шудаасту халос. Як нуқтаи дигари муҳими интихоби филм ин ҷолибу шавқовар будани он мебошад. Падари ман ҳамеша мегуфт, ки агар ту дар филме нақш меофарӣ, бояд он ҳатман ҷолиб бошад.

-Имрӯзҳо сабти филмҳои мазҳакавӣ ва даҳшатнок мӯд шудааст. Назари шумо ба ин жанрҳо чӣ гуна аст?

-Ман омодаам, ки дар дилхоҳ нақш бозӣ кунам, ба шарте ки филмномаи он ҷолиб бошад. Агар ҳунарманд дар рафти наворбардорӣ эҳсосот ва ҷолибиятро ҳис кунад, пас он филм муваффақ ва ба тамошобин писанд меояд.

-Агар шуморо барои наворбардории филми шарҳиҳолӣ даъват кунанд, нақши киро бозидан мехоҳед?

-Боз мегӯям, ки барои ман фарқ надорад. Муҳим ҷолибияти филмнома аст. Агар ҷолиб бошад, зуд розигӣ медиҳам. Мисли оне ки дар давоми 30 сония ман розигии худро барои сабти филми “Супер 30” дода будам.

-Омодагиҳо ба қисмати чаҳоруми филми “Крриш” дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Филмномааш дар ҳоли анҷомёбист. Боварӣ дорам, ки баъди ба экран баромаданаш, аз қисмҳои дигараш маҳбубияти зиёдтарро сазовор мегардад.

-Мегӯянд, ки шумо бо духтари Сайф Али Хон, Сара Али Хон дар филми навбатии коргардон Ананд Рай нақш меофаред, ин то куҷо ҳақиқат дорад?

-Ин овозаи беасос аст. Ман бо ин лоиҳа умуман алоқа надорам, лекин мухлиси Ананд ҳастам.

-Нақшаи коргардон шуданро надоред?

-Ҳоло фикр накардам, зеро зиёдтар дар филмҳои гуногун нақш офаридан мехоҳам. Шояд дар оянда ягон филм ба навор бигирам. Барои чӣ не?

-Бо Сузанна Хон баъди ҷудо шуданатон низ мисли дӯст боқӣ мондед. Магар осон аст?

-Муносибате, ки ман бо Сузанна дорам, ба фикрам хеле нодир аст. Инсонҳо ба хотири фарзандонашон бояд дар ҷустуҷӯи сулҳ ва оромӣ бошанд. То ҳол бисёриҳо аз ман мепурсанд, ки чаро ту бо собиқ ҳамсарат ин қадар хуб муносибат мекунӣ ва ман ҳамчун падар бояд дар тарбияи ду фарзанди худам саҳм дошта бошам. Онҳо низ бояд бидонанд, ки модарашон сазовори ҳама хубиҳост. Мо аз ҳам ҷудо шуда бошем ҳам, мисли як оилаем, зеро ду фарзанд дар миён аст.

-Саломат бошед!

Даричаи ошноӣ:

Ритик Рошан 10-уми январи соли 1974 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар оилаи ҳунарманд ва коргардони синамо Ракеш Рошан ба дунё омадааст. Соли 1980 замони кӯдак буданаш дар як филм нақш офарида буд, аммо ҳамчун ҳунарманд нахустин филмаш ин “Бигӯ, чӣ мехоҳӣ?!” мебошад, ки соли 2000 рӯи навор омадааст. Соли 2000 бо дизайнери машҳури ҳинд Сузанна Хон, духтари коргардони синамо Санҷай Хон оиладор шуда, соҳиби ду писар Реҳан (2006) ва Ридан (2008) мебошанд. Ритик ва Сузанна 13 сол ҳамроҳ зиндагӣ карданд ва соли 2013 аз ҳам ҷудо шуданд. Дар зиёда аз 30 филми синамогарони ҳинд нақш офарида, беш аз даҳ маротиба ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро ба даст овардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here