Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” наворбардорӣ ва банду басти ду филми ҷадиди худро ба анҷом расонидааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” иттилоъ медиҳад.

Филми ҳунарии “Роҳ” дар таҳияи коргардон Носир Саидов рӯи навор омада, муаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов мебошад ва аз саргузашти занҳое қисса мекунад, ки пас аз адои ҷазои тӯлонӣ аз маҳбас баромада, бо воқеаҳои муаммодору баҳсбарангез вомехӯранд.

Нақшҳои асосиро дар филми мазкур ҳунармандони номии театру синамои тоҷик Ниссо Муҳаммадҷонова, Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Аловуддин Абдуллоев ва Абдукарим Машрабов иҷро кардаанд.

Филми “Роҳ” дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе сабт гардида, коргардони дуюм, пардозгар ва садобардор аз Русия ҷалб шудаанд, ки барои бархеи онҳо ҳамкорӣ бо синамои тоҷик бори нахуст аст.

Филми ҳаҷвии “Сафи домодҳо” бошад, дар таҳияи коргардон Румӣ Шоазимов аз рӯи асари адиби барҷастаи тоҷик Темур Зулфиқоров дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат рӯи навор омадааст.

Асланшоҳ Раҳматуллоев, Бароҳат Шукурова, Рафоат Шоазимова, Шералӣ Абдулқайс, Баҳодур Мирабеков ва Аъзам Аъзамов дар филм нақшҳои хубу хотирмон офаридаанд.

Мавзӯи асосии филм аз он қисса мекунад, ки падару модар мехоҳанд, ягона духтари хонадонро ба шавҳар бароранд ва барои ин дар рӯзнома эълон медиҳанд. Пас аз хондани эълон домодшавандаҳо яке паси дигаре барои хостгорӣ саф мекашанд.

Филми мазкур бори нахуст дар шакли пӯшида дар худи “Тоҷикфилм” намоиш дода шуда, қарор аст, ба ҷашнвораҳои байналмилалии синамо фиристода шавад. Яке аз хусусиятҳои филми “Сафи домодҳо” истифодаи дуруст ва тарғиби сару либоси миллӣ мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here