Қисме аз одамон фасли гарморо дӯст намедоранд ва аз ҳавои офтобӣ хушашон намеояд. Зеро дар мавсими гармо пӯсти нозуки онҳо аз таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб осеб дида, сабаби пайдоиши доғҳои кунҷидак  мегардад. Ҳоло мо ба шумо якчанд маслиҳат ва даворо вобаста ба пешгирӣ ва аз байн бурдани доғи кунҷидак  пешниҳод менамоем.

Агар медонед, ки пӯсти шумо ба гармии офтоб тоб намеорад, пас онро ҳамеша муҳофизат намоед ва барои пешгирӣ намудани доғи кунҷидак  аз воситаҳои зидди офтобӣ истифода баред. Дар ҳолати истифода бурдани воситаҳои зидди офтобӣ, онҳо нурҳои ултрабунафши офтобро ба худ мегиранд ва намегузоранд, ки организми шумо пигментҳои муҳофизатиро ба миқдори зиёд ҷудо намояд. Воситаҳои зидди офтобӣ – айнакҳои муҳофизатӣ, кӯлоҳҳои пешашон васеъ ва малҳамҳои ҳифзкунанда буда метавонанд. Инчунин, дар рӯзҳои гарму офтобӣ дар ҷойҳои соя гашту гузор карданро фаромӯш насозед.

Дар пӯсти шумо низ доғи кунҷидак  дида мешавад? Озурдахотир набошед ва агар ба косметикаи хонагӣ боварӣ дошта бошед, якчанд маслиҳати мо давои дарди шумост!

Бодиринг – бодиринги тару тозаро пӯст кунед ва ҳалқа-ҳалқа реза намуда, ба рӯй ва дигар қисматҳои бадан, ки доғи кунҷидак  дорад, гузоред. Барои партофтани пӯсти бодиринг саросема нашавед, зеро он ҳанӯз барои мо зарур ва коршоям аст. 50 грамм пӯсти бодирингро дар як истакон оби ҳарораташ хонагӣ гузоред ва ба муддати 6 соат нигоҳ доред. Пасон танҳо оби истаконро барои шустани рӯятон истифода баред, ки барои тоза намудани доғҳо муфид мебошад.

Шарбати лимӯ – шарбати лимӯ барои доғи кунҷидак  давои хеле хуб аст. Якчанд қатра оби лимӯро ба малҳаме, ки рӯзона ба рӯятон мемолед, илова намуда, баъдан ба рӯятон бимолед. Як қошуқчаи чойнӯшӣ шарбати лимӯ, 25 грамм хамирмоя ва як қошуқи хӯрокхӯрӣ ширро бо ҳам омехта намуда, ниқоб омода намоед. Ниқоби омодашударо ба рӯятон молед ва пас аз 20 дақиқа бо оби гарм бишӯед.

Харбуза – харбуза барои аз байн бурдани доғи кунҷидак  давои хубест. Шира, пӯст ва тухми харбузаро ба сифати сафедкунандаи пӯст истифода бурдан мумкин аст. Аз шираи харбуза барои худ ниқоб омода намуда, пас аз ба рӯятон молидан, аз болояш пӯсти харбузаро гузоред. Тухмашро бошад, дар об ҷӯшонида, барои шустани рӯятон истифода баред.

Яке аз сабабҳои дигари дар рӯй пайдо шудани ҳар гуна доғҳо, ин истеъмоли ғизои нодуруст мебошад. Дар навбати аввал кӯшиш намоед, ки ба хӯрдани худ аҳамият бидиҳед ва ғизоҳои зараррасонро аз рӯйхати хӯрокҳои дӯстдоштаи худ хат бизанед. Истеъмоли меваву сабзавотҳое, ки дар таркибашон витамини С доранд, аз қабили оби хуч, себ, сабзӣ ва карам ба шумо кӯмак мерасонанд.

Хотиррасон бояд кард, ки он ҳама маслиҳатҳои пешниҳод намудаи моро шабона анҷом диҳед. Дар ҳолати рӯзона анҷом додани ин кор шумо ба худ дидаву дониста зарар мерасонед, зеро вақте пӯсти худро сафеду пок карда ба берун мебароед, дар ин ҳолат нурҳои офтоб бештар ба пӯсти шумо таъсир мерасонанд. Агар ин маслиҳатҳо ба дарди шумо даво нашуданд, дар ин ҳолат ҳатман ба духтури пӯст муроҷиат намоед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here