Футболбози шинохтаи португалӣ, Криштиано Роналдо барои сокинони Фаластин $1,5 миллион хайр кард. Ин амали хайрро бозигари бошгоҳи итолиёвии “Ювентус” ба хотири моҳи шарифи Рамазон анҷом додааст.

Дар ин бора сомонаи “Спутник” иттилоъ медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки ин ёрии авввалини Роналдо барои мусалмонон нест. Ӯ соли 2012, дар ауксион “Кафши тиллоӣ”-и худро фурӯхта, ба мактаббачагони Фаластини минтақаи Ғаза 1,5 млн евро кӯмак намуда буд.

Инчунин, соли 2014 варзишгар бахшида ба иди Қурбон $2 млн доллар хайр намуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here