Ҳуҷумкунандаи тими мунтахаби Португалия ва дастаи итолиёвии “Ювентус” Криштиану Роналду мошини навашро намоиш дод.

Дар ин бора худи футболбоз дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст.

Тамғаи мошин “McLaren Senna” буда, арзишаш тақрибан 850 ҳазор евро арзёбӣ шудааст.

Қаблан расонаҳо хабар паҳн карданд, ки Роналду гаронарзиштарин мошини дунё, яъне “Bugatti La Voiture Noire”-ро харидорӣ намудааст. Вале то ҷое маълум аст, хабар асоси воқеӣ надорад.

Бояд гуфт, ки Роналду дӯстдори мошинҳои қимматбаҳо аст ва зуд-зуд дар саҳифаҳои иҷтимоии худ бо мошинҳои гаронарзишаш аксҳои худро ба маърази тамошо мегузорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here