Футболбози машҳури португалӣ, Криштиано Роналдо писар ва ҳамсари худро нохост бо ҷом задааст, хабар медиҳад сомонаи “Хочу”.

Ҳодиса баъди мусобиқае рух додааст, ки дастаи Роналдо “Ювентус” ба дастаи “Атланта” ғолиб омада, ҷоми мусобиқаро соҳиб шудааст.

Баъди пирӯзӣ Роналдо бо ҳамсараш Ҷорҷина Родригес ва писараш Роналдои хурдӣ, ки дар ин мусобиқа ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, дар ҳузури аксбардорон қарор мегиранд.

Дар навор дида мешавад, ки Роналдо шояд аз ҳаяҷони зиёд аввал ба сари писараш ва сипас ҳамсарашро бо ҷоми дасташ мезанад ва ба онҳо диққат намедиҳад.

Навор аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаву ҳодисаи нохуш унвон гирифтааст. Вале ин амал барқасдона иҷро нашудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here