Футболбози португалӣ Криштиану Роналду ду рӯз қабл барои дастовардҳояш дар соҳаи футбол ба гирифтани ҷоизаи “MARCA Leyenda” мушарраф гардид.

Дар ин маросими пуршукӯҳи ҷоизасупорӣ ситораи футболро ҳамсари моделаш Ҷорҷина Родригес, ки қариб се сол боз бо ҳаманд, ҳамроҳӣ мекард.

Расонаҳои хориҷӣ бо нашри аксҳои ин ду ситора менависанд, ки Ҷорҷина Родригес ҳомила ва Роналду дар интизори фарзанди панҷум аст.

Худи ситораҳо дар ин бора чизе нагуфта бошанд ҳам, хабарнигорон ба ақидаи худ устуворанд. Онҳо бо ишора ба шиками каме дамидаи Ҷорҷина ин хабарро тасдиқ мекунанд.

Роналду ва Ҷорҷина соҳиби духтарчае бо номи Алан ҳастанд, ки соли 2017 ба дунё омада буд. Ҳамчунин, ситораи футбол соҳиби Криштиануи хурдии 7 сола ва дугоникҳо Ева ва Матео, ки аз модари сунъӣ ба дунё омадаанд, мебошад.

“MARCA Leyenda” ҷоизаест, ки аз ҷониби рӯзномаи варзишии испании “Marca” ба беҳтарин футболбозон дода мешавад. Аз соли 1997 то ҳол зиёда аз 40 нафар ин ҷоизаро ба даст овардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here