Дар Конгресси навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки имрӯз, 24 апрел дар меҳмонхонаи «Hyatt Ragency Dushanbe» баргузор шуд, Рустами Эмомалӣ президенти CAFA (Central Asian Football Association) интихоб гардид.

Инчунин, дар ҷаласа ноиби президенти Федератсияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбаев ноиби аввали президенти CAFA ва котиби генералии Федератсияи футболи Туркманистон Арслон Ойназаров ноиби президенти CAFA интихоб гардиданд.

Қароргоҳи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд буд, ба Душанбе гузаронида шуд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ соли 2014 таъсис ёфтааст ва он шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Турманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here