Имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Австрия кушода эълон гардид ва баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст, хабар медиҳад сомонаи “ASIA-Plus”.

Ба иттилои манбаъ, маросими кушодашавӣ бо намоиши филми бадеии австриягии “Муҳоҷират” бо зернависи русӣ дар кинотеатри “Зебуниссо” баргузор гардидааст.

Пагоҳ, 23-юми май дар толори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намоиши асарҳои рассоми машҳури австриягӣ Густав Климт баргузор мегардад.

Санаи 24-уми май бошад, дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барномаи консертӣ барпо гардида, бо ҳамин Рӯзҳои фарҳанги Австрия хотима меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Сафорати Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here