Дар шаҳрҳои Пекин ва Сиани Ҷумҳурии мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳайати ҳунармандонро муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён роҳбарӣ мекунад ва қарор аст, барномаи консертӣ аз санаи 15-ум то 22-юми май баргузор бигардад.

Бино бар иттилои маркази матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар Чин Ансабли рақсии “Гулрез”, Ансамбли созҳои миллии “Дарё”, Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимов, Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ хоҳанд кард.

Барномаи консертӣ рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин ва санаи 20-уми май дар шаҳри Сиан баргузор гардида, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурӣ намоиши санъати тасвирӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here