Маросими видоъ бо журналист, нависанда ва муҳаққиқи варзидаи тоҷик Султони Ҳамад пас аз зӯҳри имрӯз, 7-уми июн дар масҷиди Аминҷон воқеъ дар маҳаллаи 61-уми пойтахт дар назар аст.

Ба иттилои хешовандони марҳум, ӯ тӯли 8 моҳ боз аз бемории саратони меъда ранҷ мебурд ва шоми дирӯз, 6-уми июн дар синни 68-солагӣ дилаш аз тапидан бозмонд.

Марҳум хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, дорандаи нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва барандаи Ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода мебошад.

Султони Ҳамад 3-юми апрели соли 1952 дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, давоми умри 68 солаи худ ба ҳайси омӯзгор, хабарнигор ва корманди амният фаъолият кардааст.

Муаллифи китобҳои “Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо”, “Дар сӯҳбати соҳибдилон”, “Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ”, “Аз Ардашер то шери Панҷшер”, “Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон”, “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”, “Дар пайраҳаи нур” ва ғайраҳо мебошад.

Аз рӯи хоҳиши худи Султони Ҳамад ӯро пас аз адои намози ҷумъа дар оромгоҳи “Сари Осиё”-и шаҳри Душанбе ба хок месупоранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here