Сабрина Зуҳурова, ки Тоҷикистонро дар озмуни зебоии “Miss Tourism World” намояндагӣ мекард, чанд даврро гузашта, ба “Панҷгонаи беҳтарин” шомил шуд.

Баъди ба рӯйхати “Панҷгонаи беҳтарин”-и озмуни мазкур шомил шудан, доварон аз Сабрина хоҳиш кардаанд, ки дар саҳна бо “бикини” бирақсад, вале Сабрина инро рад карда, 50 холи худро аз даст дод.

Ҳамин тавр ҳам Сабрина дар рӯйхати “Даҳгонаи беҳтарин”-и озмуни “Miss Tourism World” қарор дорад. Ӯ мегӯяд, барояш аз тоҷ дида, шарафу номус муҳимтар аст.

“Қарор додам, ки бо “бикини” ба берун наравам. Барои ман на тоҷ, балки шараф ва ғурур азизтар аст. Ин пахши мустақим буд ва вақте эълон карданд, ки “Зебосанами Тоҷикистон” ба саҳна баромадан бо “бикини”-ро рад кард, ҳама дар ҳайрат монд, вале ман на пушаймон, балки ифтихор кардам”,-гуфтааст Сабрина дар сӯҳбат бо хабаргузории “ASIA-Plus”.

Сабрина афзудааст, ки ӯ аз рақсидан бо “бикини” хабар надошт ва ба ҳамин хотир рақси миллии тоҷикиро омода карда буд.

“То баромад кардан бо “бикини” аз мо хоҳиш карданд, ки бо намуди аслӣ, яъне бе ороиши рӯю мӯй ба назди доварон бароем. Ман бисёр орзу доштам, ки ба рӯйхати “Панҷгонаи беҳтарин” дохил шавам ва ин орзуям ҷомаи амал пӯшид. Аммо вақте гуфтанд, ки ман бояд бо “бикини” бирақсам, инро қабул карда натавонистам”,-илова кардааст Сабрина Зуҳурова.

Чуноне қаблан хабар дода будем, озмуни зебоии “Miss Tourism World” дар Ҷумҳурии мардумии Чин санаи 20-уми август оғоз ёфта, ҷамъбасти он санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар назар аст.

Сабрина ҳамагӣ 24 сол дорад ва хатмкардаи риштаи иқтисоди ДМТ мебошад. Дар “Ориёнбонк” кор мекунад ва харҷи иштироки Сабринаро дар озмун бонки мазкур ба зиммаи худ гирифтааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here