Ровӣ, модел ва яке аз машҳуртарин блогерзан дар Тоҷикистон, Сабринаи Назрӣ санаи 3-юми майи соли ҷорӣ бо сомонаи “AZIA-Plus” мусоҳиба анҷом дода, оиди муваффақиятҳо дар кору рӯзгори хеш қисса намудааст.

Сабринаи Назрӣ аз зумраи бонувони фаъоли шабакаи Инстаграм буда, айни ҳол зиёда аз 300 ҳазор обуначӣ (подписчик) дорад ва ҳамарӯза аксу наворҳои худро манзури дӯстдорони худ мегардонад. Тибқи иттилои сомонаи “AZIA-Plus” Сабрина барои ҳар як реклама дар саҳифаи худ 800 сомонӣ мегирифтааст.

Сабрина сабаби асосии миёни корбарони шабакаи Инстаграм муваффақ ва шӯҳратёр гардиданашро дар сӯҳбатҳои озоду мустақим ва бепардааш медонад. Ба гуфтаи ӯ шинохта будан дар Инстаграм аз як тараф манбаи даромад ва воситаи машҳур шудан бошад, аз тарафи дигар метавонад, ки ба ҳаёти шахсии инсон халал ворид созад.

“Албатта, машҳур будан дар Инстаграм ба зиндагии шахсӣ халал мерасонад. Агар шахс дӯстдошта дошта бошад, албатта, ки рашк мекунад. Вақте зиёда аз 300 ҳазор нафар аз ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаат назорат мебаранду ба видео ва аксҳоят лайк гузошта шарҳ менависанд, худ тасаввур кунед, ки чӣ гап мешавад”,-гуфтааст Сабринаи Назрӣ.

Ин модел ва блогерзани тоҷик дар оянда ният дорад, ки корхона ва ё ширкатеро бо ном ва бренди шахсии худ таъсис бидиҳад ва кору фаъолияташро на танҳо дар як соҳа, балки дар чандин самт идома бидиҳад.

Сабринаи Назрӣ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и шаҳри Душанбе ва Академияи ВКД бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соҳаи милитсия мебошад. Сафар карданро дӯст медорад. Идеалаш дар зиндагӣ Олга Бузова мебошад. Дар оила фарзанди хурдӣ буда, ҳоло оиладор нест.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here