Овозхони шинохтаи кишвар Фарзонаи Хуршед ин навбат барои наворбардории намоҳанги ҷадидаш манзараҳои Тоҷикистонро аз хориҷа авлотар донистааст.

Намоҳанг “Шона бар мӯям” унвон гирифта, дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи зебоманзари Варзоб рӯи навор омадааст ва нақшҳои асосиро дар он Сабринаи Назрӣ ва Муҳаммадиев Фирдавс бозидаанд.

“Аслан ҳар овозхоне, ки ман продюсерӣ мекунам, клипҳояшон дар хориҷи кишвар сабт мешавад. Лекин ин навбат мо ба он хотир Тоҷикистонро интихоб намудем, ки суруд халқӣ буд ва бояд манзараҳои диёрро дарбар мегирифт. Қаблан як таронаи халқии Фарзонаро дар шаҳри Тошканд ба навор гирифта будем, аммо ба дараҷаи зарурӣ ҷаззоб набаромада буд”,-гуфт продюсери овозхон Диловари Мизроб дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida”.

Ороиши рӯю мӯйи овозхонро пардозгар Мавзунаи Ҷовид ба ӯҳда гирифта, пироҳанҳои зебои миллиро дизайнер Умед Негматов омода намудааст.

Ҳоло намоҳангро дар канали “Persepolis” дар шабакаи YouTube зиёда аз 100 ҳазор нафар тамошо кардаанд ва намоҳанг ҳамагӣ 20 соат қабл пахш гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд соли охир ин нахустин намоҳанги Фарзонаи Хуршед аст, ки дар манзараҳои Тоҷикистон сабт мешавад. Қаблан ӯ барои наворбардории намоҳангҳояш ба кишварҳои хориҷа сафар мекард ва маблағи зиёд низ харҷ мешуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here