Садгонаи китобҳои беҳтарини қарни бист аз нигоҳи нависанда ва тарҷумони тоҷик Абдуқодири Рустам. 

Бо хоҳиши бархе аз дӯстон феҳристи зайлро бори дигар мунташир мекунам ва умед дорам, ба дарди дӯстдорони адаб бихӯрад…..
Сад китоби бартари қарни 20

1. Ин феҳрист танҳо аз китобҳое, ки ман худ хондаам, таҳия шудааст.
2. Феҳрист танҳо аз китобҳои насри бадеӣ фароҳам шуда ва таълифи шоиронро фаро намегирад.
3. Феҳрист баёнгари завқу салиқаи таҳиякунанда аст ва ҳеч асоси илмӣ надорад.
4. Ҷойи китобҳо ва нависандагон дар ин феҳрист на гувоҳи мақоми онҳо дар адабиёт аст ва на ҳатто ҷойгоҳи онҳо дар раддабандии завқи ман ва ҳарчи ки зудтар ба зеҳнам расид, пештар навиштамаш.
Тавзеҳ: хондани осори Марсел Пруст, Ҷеймс Ҷойс, Роберт Музил, Герман Брох, Сэмюэл Беккет, Хулио Кортасар, Карлос Фуэнтес хеле душвор аст ва аз хонанда диққат ва сабру ҳавсала мехоҳад. Бинобар ин, аз хонандагони ҷавон мехоҳам, то андўхтани таҷриба вҷа парвариши завқи худ китоби ин нависандагонро ба даст нагиранд, чи мумкин аст, чизе нафаҳманд, китобро дурр партоянд ва дилашон баякбор аз адабиёти бадеї сард бишавад.
Ва аз дўстодорони адабиёт хоҳиш мешавад, онҳо низ феҳристи китобҳои писандидаашон аз адабиёти ќарни 20-ро таҳия бикунанд, то тавонем аз адабиёти ҳаҳони қарни 20 феҳристи миллӣ дошта бошем ва ҷавонони дӯстдори адаб дар шаҳри бузурги адабиёт ба тангкўчаю паскўчаҳо ворид шуда, роҳгум назананд.

1.Дар ҷустуҷӯи замони аздастрафта. Марсел Пруст (Фаронса)
2. Улисс. Ҷеймс Ҷойс (Ирландия)
3.Сад соли танҳоӣ. Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия) (ба тоҷикӣ тарҷумаи Абдуғаффори Абдуҷаббор)
4.Ҷанги охирзамон. Марио Варгас Лиоса (Перу)
5.Доктор Фаустус. Томас Манн (Олмон)
6.Гурги даштӣ. Ҳерман Ҳессе (Олмон- Суид)
7.Устод ва Маргарита. Михаил Булгаков (Русия)
8.Ҳикояҳо ва эссеҳо. Хорхе Луис Борхес (Аргентина) (достонҳои «Инҷили Маркус» ва «Садбарги Параселз» – тарҷумаи тоҷикии Қодири Рустам)
9.Пирамард ва дарё . Э. Хэменгуэй (Амрико) (ин китоб ду бор ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, аввал аз русӣ, ки номи тарчумонро фаромуш кардаам ва баъдан аз ингилисӣ тарҷумаи Салимҷон Азизмуродов)
10.Хазони умри Одамхудо. Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия) (ба тоҷикӣ тарҷумаи Кўҳзод)
11.Чевенгур. Андрей Платонов (Русия)
12. Маймунча. Франсуа Мориак (Фаронса)
13. Қаср. Франс Кафка (Чек-Утриш)
14.Ёддоштҳо. Садриддин Айнӣ (Тоҷикистон)
15.Кўрӣ. Жозе Сарамога (Португалия)
16.Биёбони татар. Дино Бутсатӣ (Италия)
17.Мурофиа. Франс Кафка (Чек-Утриш)
18.Дата Туташхиа. Чабуа Амирэджеби (Гурҷистон)
19.Калидар. Маҳмуди Давлатободӣ (Эрон)
20. Москва – Петушки. В. Ерофеев (Русия)
21. Саргузашти сарбози чобук Швейк. Ярослав Гашек (Чек) (ба тољикӣ тарҷумаи Ҷумъабой Азизқулов)
22. Бори ҳастӣ. Милан Кундера (Чек)
23. Деҳ. Шаҳр. Қаср (романи сегона). Уилям Фолкнер (Амрико)
24. Молики магасҳо. Уилям Голдинг (Ингилистон)
25. Ретгэйм. Эдгар Лоуренс Доктороу (Амрико)
26. Киштии сафед. Чингиз Айтматов (Қиргизистон) (ба тоҷикӣ тарҷумаи Сорбон )
27. Дони ором. Михаил Шолохов (Русия) (тарҷумаи тоҷикӣ Ҳабиб Аҳрорӣ)
28. Марги Артемио Крус. Карлос Фуэнтес (Мексика)
29. Қисса ва достонҳои кўтоҳ. Иван Бунин (Русия)
30. Гора. Робиндранат Такур (Ҳинд) (ду бор ба тоҷикӣ тарҷума шуда, бори дувум аз ҷониби Салими Зарафшонифар )
31. Лолита. Владимир Набоков (Русия-Амрико)
32. Гуруснагӣ. Кнут Гамсун (Норвегия)
33. Меллон мемирад. Сэмюэл Беккет (Ирландия)
34. Достонҳои кўтоњ. Акутагава. (Жопун) (тарҷумаи тоҷикии чанде аз достонҳои кӯтоҳ, аз ҷумла «Азобҳои ҷаҳаннам» аз Қодири Рустам)
35. Зиндагии Клим Сангин. Максим Горкий (Русия)
36. Шоҳзодаи кўчак. Антуан де Сент-Экзюпери (Фаронса) (тарҷумаи тољикии Гулназар, Пажуҳишгоњи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ин китобро дар тарҷумаи форсии Абулфазли Наҷафӣ ба хатти сириллик низ чоп кард)
37. Пойтахти куҳан. Ясунари Кавабата (Жопун)
38. Буфи кўр. Содиқи Ҳидоят (Эрон)
39. Ғавѓо ва ғазаб. Уилям Фолкнер (Амрико)
40. Се рафиқ. Эрих Мария Ремарк (Олмон)
41. 1984. Ҷорљ Оруэлл (Ингилистон)
42. Роҳи Абай. Мухтор Авезов (Қазоқистон) (тарҷумаи тоҷикии ду ҷилди аввали китоб аз Эммануэл Муллоқандов)
43. Нақораи ҳалабӣ. Гюнтер Грасс. (Олмон)
44. Дарвеш ва марг. Меша Селимович (Югославия , Сербия)
45. Бехонумон. Йонас Авижюс (Литва) (тарҷумаи тоҷикӣ Ҷумъабой Азизқулов)
46. Номи садбарг. Умберто Эко (Италия)
47. Дар интизори барбарҳо. Ҷ. М. Кутзее (Африқои Ҷанубї)
48. Бачагони нимашаб. Салмон Рушдӣ (Ҳинд – Ингилистон)
49. Фарҳанги хазарӣ. Милорад Павич (Сербия)
50. Достонҳои кўтоҳ. В. Шукшин (Русия) (тарҷумаи тоҷикӣ Ҷумъабой Азизқулов, Ҷонибек Акобиров, Анвар Олимов)
51. Нотурдашт. Ҷ. Д. Селинҷер (Амрико)
52. Галачазираҳои Гулаг. Александр Солженитсин (Русия)
53. Қиссаҳо. Васил Биков (Беларус) (қиссаи «Сотников» тарҷумаи Аскар Ҳаким)
54. Сандро аз Чегем. Фозил Искандар (Русия)
55. Театри оҳанин. Отар Чиладзе (Гурҷистон)
56. Хўшањои хашм. Ҷон Стейнбек (Амрико)
57. Доктор Живаго. Борис Пастернак (Русия)
58. Педро Парамо. Хуан Рулфо (Мексика)
59. Гэтсбии бузург. Френсис Скотт Фитсҷералд (Амрико)
60. Таҳаввуъ. Жан Пол Сатр (Фаронса)
61. Паямбар. Ҷуброн Халил (Лубнон)
62. Достонҳои кўтоҳ. Онелио Хорхе Кардосо. (Куба)
63. Бозиҳои классикӣ. Хулио Кортасар (Аргентина)
64. Варавва. Пер Лагерквист (Суид)
65. Парвоз бар фарози лонаи фохта. Кен Кизи (Амрико)
66. Хобгардҳо. Герман Брох (Утриш)
67. Зане дар регистон, Кобо Абэ (Жопун)
68. Намоишномаҳо. Бернард Шоу (Ингилистон)
69. Мартин Иден. Ҷек Лондон (Амрико) (тарҷумаи тоҷикии Уктами Холиқназар)
70. Моҳ ва фулус. Сомерсат Моэм (Ингилистон)
71. Камо грядеши. Генрик Сенкевич (Лаҳистон)
72. Гойя. Лион Фейхтвангер (Олмон)
73. Асбҳо, асбҳо. Кормак Маккарти (Амрико)
74. Одамкуши кўр. Маргарет Этвуд (Канада)
75. Пианистка. Элфрид Элинек (Утриш)
76. Бо чашми масхарабоз. Генрих Бёлл (Олмон)
77. Зиндагиномаи воқеии А-Кю. Лу Син (Чин) (тарҷумаи тоҷикии Қодири Рустам)
78. Пистони бузург, сурини лумба. Мо Ян (Чин)
79. Инсони исёнкор. Сизиф. Албер Камю (Фаронса)
80. Одами бешохиса. Роберт Музил (Утриш)
81. Шоша. Исаак Бешевис-Зигнер (Лаҳистон)
82. Саргузашти Шерлок Холм. Артур Конан Дойл (Ингилистон) (тарҷумаи тоҷикии Шариф Шараф)
83. Нафрат. Алберто Моравио (Италия)
84. Бодбурдаҳо. Маргарит Митчелл (Амрико)
85. Қисса ва достонхо. Валентин Распутин (Русия)
86. Миссис Деллоуэй. Вирджиния Вулф (Ингилистон)
87. Номи ман сурх аст. Урҳон Помук (Туркия) (тарҷумаи тоҷикии Муҳаммадшарифи Рустам)
88. Достонҳои танзӣ. Азиз Несин (Туркия) (тарҷумаи тоҷикии Кўҳзод ва боз тарҷумони дигаре, ки исмаш ёдам нест)
89. Кушторгоҳи шумораи панҷ, ё юриши салибии бачагон. Курт Воннегут (Амрико)
90. Ќиссаҳо. Грант Матевосян (Арманистон) («Говмеш» тарҷумаи Саттор Турсун, «Водии сабз» тарҷумаи Қодири Рустам)
91. Ҳикояҳо. Фазлиддин Муҳаммадиев (Тоҷикистон)
92. Қонуни абадият. Нодар Думбадзе (Гурҷистон)
93. Амрикоии ором. Грэм Грин. (Ингилистон)
94. Хонанда. Бернхард Шлинк (Олмон)
95. Мисё Иброҳим ва гулҳои Қуръон. Эрик-Эмануэл Шмитт (Фаронса)
96. ҲикояҲо. Ҷ. Д. Селинҷер (Амрико)
97. Ошиқи леди Чаттерлей. Дэвид Лоуренс (Ингилистон)
98. Лабони рангзада. Мануэл Пуиг (Аргентина)
99. Хонаводаи Паскуал Дуарте. Камило Хосе Села (Испания)
100. Фоҷиаи амрикоӣ. Теодор Драйзер (Амрико)

Дар радаи садгонаи бартар:

Ишқ дар замони вабо. Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия)
Алвидоъ силоҳ. Эрнест Ҳеменгуэй. (Амрико)
Аттор. Зиндагиномаи як қотил. Патрик Зюскинд. (Олмон)
Шавабозӣ. Ҳерман Ҳессе. (Олмон- Суис)
Ќиссаҳо. Владимир Маканин. (Русия)

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Абдуқодир Рустам.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here