Саҳифаи шахсии Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷикро дар шабакаи Инстаграм нафари шахсияташ номаълум дуздидааст.

Овозхон барои худ саҳифаи нав гирифт ва саҳифаи қаблияш, ки зиёда 97 ҳазор обуначӣ дошт, то ҳол дар дасти нафари шахсияташ номаълум қарор дорад.

Як манбаъ дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки саҳифаи овозхонро як шахси миллаташ турк бо роҳи фиреб дуздидааст. Он нафар ба овозхон як пайванд (ссылка) равон мекунад ва баъди ба он ворид шудан саҳифа нопадид мегардад.

Ҳамчунин, манбаъ аз қавли овозхон афзуд, ки саҳифаи нави Нигина Амонқулова 164 ҳазор обуначӣ дорад ва ӯ дар оянда нияти ҳифз кардани саҳифаҳои қалбакӣ ва расмӣ кардани саҳифаи феълиашро дорад.

Барои Нигина Амонқулова ва дигар ситораҳое, ки дар шабакаи Инстаграм фаъоланд, ин ҳодисаи маъмулист ва метавонад, ки ҳар лаҳза ба сари ҳар нафаре аз санъаткорон биояд.

Дӯстона ва дастҷамъона ба саҳифаи нави Нигина Амонқулова дар шабакаи Инстаграм обуна шавед ва аз навгониҳои санъати овозхон сари вақт бохабар бошед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here