Гурӯҳи устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи кинои Лондон Met Film School махсус барои дидани намоиши мазҳакавии “Қорӣ-Ишкамба” ба шаҳри Конибодом ташриф овардаанд.

Ба фарсудагии бинои театр нигоҳ накарда, нақшофарии ҳунармандон дар саҳна меҳмонони англисро ба ваҷд овард ва онҳо на танҳо соядасти худро гузоштанд, балки қарор доданд дар бораи театри Конибодом филми ҳуҷҷатӣ ба навор бигиранд.

Ҷон Феррер, донишҷӯи донишкадаи номбурда дар сӯҳбат бо мухбири ОИ “SugdNews” қайд кард, ки кори дипломии ӯ бо театри Шарқ алоқамандӣ дорад ва ӯ ин ҷо тавонистааст, ки барои филми ояндаи худ ба қадри кофӣ мавод ҷамъ оварад.

Фаби Руз, роҳбари илмии кори дипломӣ ва устоди Met Film School илова намуд, ки дар мазҳакаи “Қорӣ-Ишкамба” махсусиятҳои шарқиёна хеле хуб тасвир ёфтааст ва тамоми ҳаёти ин театр дар навори ҳуҷҷатӣ тасвир хоҳад ёфт.

Директори театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом Ғайрат Қодирӣ қайд намуд, ки бо нав кардан репертуар ният дорем, ки диққати ҳарчи бештари сайёҳони театриро ҷалб созем.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here