Санаи намоиши ду филми истеҳсоли “Суғдсинамо” дар шаҳри Маскав, ки бо забони русӣ тарҷума шудаанд, муайян шуд.

Филмҳои “12 соли интизорӣ” (“12 лет ожидания”) ва “Тангно” (“Теснина”)-и истеҳсоли студияи филмофарии “Суғдсинамо” дар таҳияи коргардон Муҳиддини Музаффар рӯзҳои 13-ум ва 16-уми июни соли равон намоиш дода мешаванд.

Намоиши филми “Тангно” (“Теснина”) санаи 13-уми июн, соати 21:00 дар толори “Третьяковской галереи” воқеъ дар кӯчаи Лаврушинский переулок, бинои №12 ва филми “12 соли интизорӣ” (“12 лет ожидания”) санаи 16-уми июн, соати 17:30 дар суроғаи зикршуда дар назар аст.

Баъди намоиши филмҳо бо иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ ва коргардону офарандагони филмҳои мазкур вохӯрӣ доир карда мешавад.

Даромад барои тамошои филмҳо ройгон буда, хоҳишмандон чиптаҳои ройгонро аз хазинаи толори “Третьяковской галереи” дастрас карда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки филмҳои мазкур аз ҷониби беҳтарин ҳунармандони рус бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тарҷума ва намоиш дода мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here