Дар фарҷоми намоиши Шоҳзадаи хурд ҳунарманди шинохтаи кишвар Тағоймурод Розиқов ба саҳна баромад ва аз шогирдони худ ифтихор намуда чунин гуфт: Гоҳо ба ҷониби шогирдони донишкадаи мо санги маломат мезананд, аммо инҳоянд намунаҳои олӣ миёни хатмкунандагони шӯъбаи актёрии Донишкадаи санъат.

Санаи 17-уми ноябр дар толори Театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов нахустнамоиши “Шоҳзодаи хурд”-и Театри Конибодом баргузор гардид.

Намоишро ҳунармандони шинохта, намояндагони аҳли зиёи кишвар, донишҷӯён ва дӯстдорони санъати театрӣ тамошо намуданд.

Дар фарҷоми намоиш ҳунарпешагони шинохтаи кишвар ва собиқ вазири фарҳанги кишвар андешаҳои худро перомуни намоиши ба саҳнагузошташуда иброз намуданд.

Инчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстдорони театр андешаҳои худро оиди намоиши тамошокардаашон иброз кардаанд, ки намунаи онро инҷо аз саҳифаи Делери Эмомалӣ бознашр менамоем.

“Сатҳи намоишҳои Шумо баробар ба пойтахт аст, на музофот”,-Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Қурбон Собир.

“Мутаассифона, мисли Шумо ҷавонҳои тозакор дар пойтахт нестанд”,-Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Саодат Азизова.

“Ифтихор мекунам, ки анъанаи устод-шогирдӣ дар театри Шумо то ҳол боқӣ мондааст”,-собиқ вазири фарҳанг ва ректори Донишкадаи санъат, хатмкунандаи ГИТИС Тамара Абдушукурова.

Ин ҳама ҳарфҳои зебо, албатта бо иловаи таҳлилу пешниҳодҳои нав ба ҳунармандони ҷавони театри шаҳри Конибодом буд. Дирӯз, 17-уми ноябр соати 16:00 дар бинои театри “Аҳорун” иҷрои намоиши “Шоҳзодаи хурд” шуда гузашт.

Аз он ки нахустнамоиш буд ва ҳатто бачаҳо пештар аз тамошобинони шаҳри худашон тамошочиҳои Душаберо монданд, намоиш каму костиҳо дошт, лекин ман хушбахтам, ки онҳо ин ҳамаро дарк карданду пайи ислоҳаш ҳастанд. Ба умеди парвозҳои баланди шоҳзодаи хурдакаки мо мисли дигар намоишҳои театри Конибодом.

“Шаҳзодаи хурд” як намоиши хуби таҷрибавӣ аст, ки ҳамеша иҷро ба иҷро ва лаҳза ба лаҳза тағйир меёбаду беҳтар мешавад. Аз таҷрибаи кӯчаки намоишҳои таҷрибавиамон мегӯям, ки ҳарчӣ намоиш иҷрои бештар равад ва таклифу назарҳоро зиёдтар шунаванд, ин намоиш пӯхта мегардад. БАРОР бачаҳо, ки ду рӯзи моро дар Душанбе ОФТОБӢ кардед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here