Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” наворбардории нахустин филми мазҳакавии худро ба охир расонид ва қарор аст, дар арафаи Соли нави милодӣ дар шаҳри Хуҷанд пешкаши тамошобинон гардонад. 

Дар ин бора ба Padida сухангӯйи киностудияи “Суғдсинамо” Зайниддин Орифӣ хабар дод.

“Филми “Саргузашти Алишер” муддати ду моҳи тобистон ба навор гирифта шуд ва айни ҳол нақша дорем, ки нахустнамоиши филмро дар арафаи Соли нави милодӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор намоем. Барои сабти филми мазкур 200 нафар тими эҷодию техникӣ заҳмат кашиданд ва он дар 10 шаҳру мавзеҳои Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст “, – мегӯяд Орифӣ

Ба гуфтаи ӯ, филм бо дастгоҳи муосири RED EPIC DRAGON  наворбардорӣ шудааст. Филмҳои овозадори “Человек паук” “Пирати Карибского моря” “Интерни” “Сталинград” ва ғайраҳо бо ҳамин дастгоҳ филмбардорӣ шудааст.

Сенарияи филм ба қалами духтури осебшиноси Беморхонаи шаҳрии Хуҷанд Махкамбой Бойматов тааллуқ дошта, дар таҳияи коргардон Темури Султон рӯи навор омадааст.

Орифӣ дар бораи муҳтавои филм чунин мегӯяд,  сокини Русия Александр, пас аз зиёфати майнӯшӣ бо ҳамкоронаш, субҳ бедор шуда худро дар як гӯшаи Тоҷикистон, дар оғӯши кӯҳистони Фону Искандаркӯл мебинад. Саша дар ватани худ ба муҳоҷирон ба нафрат нигоҳ мекард ва рухсатии худро дар Швейсария гузарониданӣ буд. 

“Дар хобаш Швейтсарияро дида, якбора бедор мешавад, ки дар хонаи рафиқаш Равшан  дар Тоҷикистон қарор дорад. Ана баъд дар деҳаи дурдасте саргузашти Алишер сар мешавад”- мегӯяд Зайниддин Орифӣ. 

Муассисаи давлатии киностудияи “Суғдсинамо” айни замон ягона киностудияи касбӣ дар вилояти Суғд мебошад. То имрӯз аз ҷониби киностудия 10 филми ҳунариву мустанад ба навор гирифта шудааст. Филмҳои “Суғдсинамо” дар якчанд фестивалҳои миллию байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here