Сарсӯзанӣ (заколки) лавозимоти дӯстдоштаи замони кӯдакии мо буд, ки барои ороиши мӯй истифода мебурдем ва тӯли чанд сол аст, ки аз байн рафта буд.

Бо ташаббуси тарҳгарон (стилист) ин сарсӯзаниҳо боз ба мӯд баргаштанд.

Иштирокчиёни ҳафтаи мӯд аллакай аз навъҳои гуногун ва замонавии он истифода бурдаанд.

Акнун сарсӯзаниҳои аз марворид ороишёфта, ки бештар арӯсон истифода мебурданд, тарҳгарон тавсия додаанд, ки метавонед ҳамарӯза истифода баред.

Бо якчанд адад аз чунин сарсӯзаниҳои гуногун мӯятонро аз як тараф махкам кунед, тарзи ороиши он хеле хуб мебарояд. Инчунин, метавонед сарсӯзаниҳоеро истифода баред, ки таҳти тамғаҳои ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ, ба монанди Dior, Channel, Gucci, Jadore, ё ки номи шаҳрҳо New York, London ва Paris истеҳсол шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here