Санаи 9-уми майи соли равон, яке аз сенариянависи машҳури амрикоӣ Элвин Сарҷент вафот кардааст. Дар ин бора сомонаи “РИА Новости” бо такя ба сомонаи “Deadlineи ИМА хабар медиҳад.

Элвин Сарҷент муаллифи зиёда аз 10 филмнома мебошад, ки машҳуртаринашон филмҳои “Человек-паук 2”, “Человек-паук 3”, “Бумажная луна” ва “Неверная” мебошанд.

Элвин ду маротиба ҷоизаи “Оскар”-ро аз филмҳои “Джулия” (1978) ва “Обыкновенные люди” (1981) ба даст овардааст. Инчунин, барандаи номгӯҳои ҷоизаҳои “Золотой глобус”, “Writers Guild of America”, “Сатурн” ва “BAFTA” мебошад.

Ёдовар мешавем, ки мавсуф 12-уми апрели соли 1927 дар шаҳри Филаделфияи иёлоти Пенсилванияи ИМА ба дунё омада, санаи 9-уми майи соли 2019 дар шаҳри Сиэтли иёлоти Вашингтони ИМА, дар синни 92-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here