Ширкати Group-IB ва Шабакаи якуми телевизиони Русия пирӯзии Микелла Абрамова, духтари 10-солаи овозхон Алсуро дар шоу-озмуни телевизионии “Голос.Дети” бекор кардан мехоҳанд. Дар ин бора сомонаи “Хочу” хабар додааст.

Микелла Абрамова бо гирифтани 56,5% овозҳо ғолиби фасли шашуми шоу-озмуни “Голос.Дети” дониста шуда буд, ки миёни дигар иштирокчиёни озмун ва як зумра тамошобинон шӯру ғавғо барангехт, зеро ба ақидаи онҳо ӯ сазовори ин ғолибият набудааст.

Ширкати Group-IB, ки ба тафтиши овозҳо ва СМС-паёмакҳо машғул буд, натиҷаҳои аввалинро ба Шабакаи якум пешниҳод намудааст, ки тибқи он эҳтимоли бекор гардидани ғолибияти духтари овозхон Алсу вуҷуд дорад, зеро ба ҷонибдории Микелла овозҳои қалбакӣ ва сохта низ ворид шудаанд.

Шабакаи якум ба қароре омадааст, ки санаи 24-уми май бо ширкати иштирокчиёне, ки ба даври финалӣ роҳ ёфта буданд, дар пахши мустақими телевизион нашри махсуси лоиҳаи “Голос.Дети”-ро намоиш диҳад.

Ширкати Group-IB низ то он рӯз тафтиши ин ҳодисаро ба анҷом расонида, натиҷаҳои ба даст омадаро дар нашри махсуси лоиҳа иброз хоҳад намуд.

Қисми зиёди сомонаҳои хабарӣ аллакай ғолибияти Микелларо бекор кардаанд, вале Шабакаи якум ин нуқтаро дар гузориши худ куллан ба таври дигар шарҳ додааст.

“…Ҳодисае, ки дар мавсими шашуми лоиҳаи “Голос.Дети” рӯй дод, аввалин ва охирин ҳолати ногаҳонии ин давр мебошад, зеро интихоб аз ҷониби тамошобинон буд”,-омадааст дар гузориши Шабакаи якум.

Санаи 24-уми майро интизор мешавем ва аз натиҷаҳои минбаъдаи озмуни “Голос.Дети” шуморо огоҳ хоҳем кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here