Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи кишвар таронаҳои “Аз панҷара дорӣ нигоҳ” ва “Ишқи бебаҳо”-и шодравон Сӯҳроби Сафарзодро ба як оҳанг дароварда, бозхонӣ кардааст.

Тарона шоми 17-уми апрели соли ҷорӣ дар шабакаи интернет пахш шуд ва аз ҷониби мухлисон сазовори баҳои баланд гардид.

Сӯҳроби Сафарзод таронаи “Аз панҷара дорӣ нигоҳ”-ро ҳанӯз 10 сол қабл сароида буд. Суруди “Ишқи бебаҳо” бошад, аз тарафи ҳарду овозхон, Шабнам ва Сӯҳроб замони зинда будани овозхон пешниҳоди мухлисон гашта буд.

Корбарони шабакаҳои интернетӣ таронаи “Аз панҷара дорӣ нигоҳ”-ро дар иҷрои Шабнами Сурайё бо хушнудӣ пазируфта, дар шарҳҳои зери суруд ин амали овозхонро нишонаи эҳтиром ва гиромидошти рӯҳи Сӯҳроби зиндаёд унвон кардаанд.

Сӯҳроби Сафарзод, ҳунарманди ҷавон, вале муваффақи давр 12-уми марти соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, 10-уми декабри соли 2010 дар синни 30 солагӣ аз олам чашм пӯшид ва имсол аз маргаш 9 сол пур шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here