Шабнами Сурайё бори аввал дар синни 18 солагияш оиладор шудааст. Шавҳараш бар зидди фаъолияти овозхонияш баромаду духтарак 3 сол аз саҳна дур шуд. Дар ин муддат ӯ худро бе суруду мусиқӣ ва саҳнаву ҳаводоронаш тасаввур карда натавонисту аз шавҳараш ҷудо шуд.

Шабнами Сурайё – ситораи маъруфу маҳбуб ва машҳури тоҷик 14-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ба дунё омадааст. Сурайё Қосимова ду маротиба издивоҷ карда, аз шавҳари аввалааш Шабнам ва Рӯзимоҳ ва аз издивоҷи дуюм Фарзона ва Эмомалиро ба дунё овардааст. Ду фарзанди калонӣ номи модарро ва ду фарзанди хурдӣ бошанд, номи падарро ба худ насаб гирифтаанд. Фазои эҷодии хонавода ба Шабнам бетаъсир намонд ва ӯ аз замони кӯдакияш суруд мехонду зери таронаҳои марғуби модари ҳунармандаш мерақсид. Имрӯз бошад, ӯ аллакай ба муаррифӣ ниёз надорад, зеро мухлисони бешумораш, ки ҳадди миллионҳоро убур кардаанд, на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз тамоми ҷаҳон интизори ҳар як шеъру оҳанги ҷадиди ӯ ҳастанд.

Вақте ки Шабнам ба рӯи саҳнаи ҳунар омад, ҳамагӣ 13 сол дошт. Худи ӯ дар чандин сӯҳбатҳояш қайд намудааст, ки рақами 13 дар ҳаёташ рақами хушбахтӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин суруди сароидаи Шабнам соли 1994 дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб, дар рӯзи зодрӯзи модараш садо дода буд, ки “Хоб аз чашмам рабудӣ” унвон дошт. Вақте модар ин сурудро аз забони духтараш шунид, беихтиёр ашки шодӣ аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Шабнам ин сурудро пинҳонӣ омода карда буд ва хост, ки барои модараш “сюрприз” шавад. Шабнам чанд муддат дар зодгоҳи худ ҳунари овозхонияшро такмил дода, сипас дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегардиданд, баромад мекардагӣ шуд. Бо ҳунару истеъдоди нотакрораш ҳамаро қоил карда, сазовори ҷойҳои намоён ва диплом мегардид.

Сурайё Қосимова муддате аз саҳна дур шуд ва ба ҷои модар фарзанди дигари ӯ Фарзонаи Хуршед ба рӯи саҳна баромад. Акнун Шабнаму Фарзона ҳамроҳ суруд хонда, дили хурду калонро тасхир мекарданд. Шабнамро аз рӯзи аввали ба саҳна баромаданаш ҳама мешинохтанду сурудҳояшро гӯш мекарданд, вале муҳаббати бепоён ва самимии мухлисонро ӯ соли 2006 ба даст овард. Худи ҳамон сол суруди “Аз қудуми сафар”-ро сароида, дар қатори беҳтарин сарояндаҳои кишвар ҷой гирифт. “Аз қудуми сафар” беҳтарин суруди сол дар Тоҷикистон интихоб шуд ва тариқи тамоми радиову телевизионҳо ҳамарӯза пахш мегардид.

Пас аз ин муваффақияташ Шабнамро ба озмуни мусиқавии Осиёимиёнагии “Азия Дауысы”, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ба сифати сарояндаи сурудҳои эстрадӣ даъват намуданд. Баъд аз он дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин дар озмуни “Новый певец Азии” низ ширкат варзид. Барору комёбиро дар ҳунараш дида, Шабнам аз паи омода намудани албоми нахустини хеш ва сабти клипҳо гардид.  Солҳои 2008-2009 Шабнам ба чандин шаҳрҳои кишварҳои Аврупо ва Амрико сафари эҷодӣ анҷом дод. Дар шаҳрҳои Берлин, Лондон, Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ва Торонто силсилаконсертҳои худро барпо намуд, ки дар он ҳазорҳо ҳазор мухлисони тоҷику эронияш иштирок доштанд. Баъди ин ба Русия сафар намуда, дар варзишгоҳи “Лужниках”-и шаҳри Маскав хотири тоҷикони муқими Русияро низ бо барномаи консертие шод гардонид.

Аввалин албоми сурудҳои Шабнами Сурайё “Навои дил”, албоми дуюмӣ “Зиндагӣ” унвон доштанд. Албоми сеюмашро дар беҳтарин студияҳои Ӯзбекистон сабт намудааст. Дар натиҷаи сафараш ба ин кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя бо ширкати давлатии “Ӯзбекнаво” шартнома баста, дар арафаи Соли нав дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро барномаи консертӣ барпо намуд. Баъди анҷоми барномаи солинавӣ ба шаҳри Одессаи Украина рахти сафар баст ва он ҷо низ консерте баргузор намуд. Шабнами Сурайё яке аз сарояндагони форсизабонест, ки дар мусиқии жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ ба Австралия низ сафар намудааст. Ин сафари ӯ ба рӯзи зодрӯзаш рост омад, ки кулли тоҷикони муқими Австралия ба табрикоти ин бонуи ҳунар омада буданд. Овозхон пешравии худро бе продюсер тасаввур карда наметавонад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо продюсерони варзида ҳамкорӣ дошта бошад. Ба ақидаи ӯ продюсер дар муаррифии санъаткор ва пешбурди корҳои ӯ нақши калидӣ дорад.

Шабнами Сурайё бори аввал дар синни 18 солагияш оиладор шудааст. Шавҳараш бар зидди фаъолияти овозхонияш баромаду духтарак 3 сол аз саҳна дур шуд. Дар ин муддат ӯ худро бе суруду мусиқӣ ва саҳнаву ҳаводоронаш тасаввур карда натавонисту аз шавҳараш ҷудо шуд. Маротибаи дуюм оиладор шуд ва хушбахтона шавҳари дуюмаш соҳибкор Холид Зоҳир марди хубу меҳрубон баромад. Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби духтарчае бо номи Шарифамоҳ шуданд. Холид ба фаъолияти эҷодии Шабнам зиддият нишон намедод, вале ҳамеша барои тез рондани мошин бо ӯ ҷанг мекард. Ӯ аз он метарсид, ки мабодо Шабнам ба садама дучор нашавад ва хоҳиш намуд, ки барояш ронандаи шахсӣ бигирад. Албатта, ин чандин сол қабл буд ва имрӯз Шабнами Сурайё шавҳар дорад ё на, барои ҳама мисли муаммост. Аммо ягона фарзанди Шабнаму Холид Шарифамоҳ дар хориҷ аз кишвар таҳсили худро давом дода истодааст.

Соли 2014 Шабнам ҳамроҳи хоҳараш Фарзона ва духтараш Шарифамоҳ ба Арабистони Саудӣ сафар анҷом доданд ва хонаи Худоро зиёрат карда, ба худ унвони “Ҳоҷибибӣ”-ро касб намуданд. Пас аз ин Шабнам муддате ба худ тағйироти ҷиддие ворид намуда, дар саҳна бо либосҳои исломӣ ва пӯшида баромад мекард. Пеш аз ин мухлисон Шабнамро дар саҳна бо либосҳои аврупоӣ ва нимурёну ғайриоддӣ медиданд. Моҳи апрели соли 2017 ба сари хонаводаи Шабнам мусибати бузурге омад. Бародари 16 солаи ӯ Эмомалӣ, ки тӯли 5 сол аз бемории сафедхунӣ ранҷ мебурд, шаби 17-уми апрели соли 2017 аз олам чашм пӯшид. Эмомалии ҷавонмарг дар зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб ба хок супорида шуд. Ин ҳодиса Шабнам ва оилаи ҳунарманди ӯро сахт рӯҳафтода кард.

“Мо ба тақдир тан додем, Худо амонаташро пас гирифт”,-гуфтааст Сурайё Қосимова дар як сӯҳбаташ бо хабарнигорон.

Шабнам бо маҳбубияту маъруфият ва сурудҳои ҷаззобу дилчаспаш миёни дигар овозхонҳои кишвар дар раддаи аввал қарор дорад. Дар тӯли зиёда аз 30 соли фаъолияти эҷодияш бо бештари ҳунармандон ҳамкории зич дошт ва ҳоло низ дораду хоҳад дошт. Бо Ҷонибек Муродов зиёдтар аз дигарон ҳамкорӣ дошт ва замоне ки онҳо худро дар Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, бо силсилаконсертҳояшон Амрикову Аврупоро низ тасхир карда буданд. Худи ҳамон солҳо миёни мардум овозае паҳн гардида буд, ки гӯё Ҷонибек ба хотири Шабнам аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва қарор аст онҳо оиладор бишаванд. Ин овозаро ҳарду овозхон ҳам рад карда, изҳор доштанд, ки миёни онҳо ҷуз ҳамкорӣ чизи дигаре нест. Ҷӯрабек Муродов, падари Ҷонибек ва яке аз ҳунармандони мардумии ҷумҳурӣ Шабнамро мисли духтари худ қабул карда, фахр аз он мекунад, ки фарзандонаш муаррифгари санъату фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд. Инчунин, Шабнам бо Ҷонибек Муродов (Ҳама қарсақ, Санамо, Сабза ба ноз), Зикриоллоҳ Ҳакимов (Бевафо), Садриддини Наҷмиддин (Вафои дилам, Дунё ба ман чист), Баҳром Ғафурӣ (Чак-чаки борон), Парвина Шукруллоева (Кӯлоби ман), Баха-84 (Ин ошиқӣ), Мастер Исмайл (Бевафо), Фарзонаи Хуршед (Маҷнунҷон, Иллоҳӣ, Ёрам, Буро-буро, Дар кунҷи дилам), Нобовар Чаноров (Кабки хушрафтор) ва Суҳроби Сафарзод (Ишқи бебаҳо) дуэт сароидааст ва бо овозхонҳои кишварҳои ба мо дӯст мудом ҳамкорӣ дорад.

Шабнами Сурайё, бонуи хоксору ҳунарманд то имрӯз ширкаткунанда ва барандаи зиёд ҷоизаҳои дохиливу хориҷӣ гардидааст. Ҷоизаи “Суруди сол 2006”-ро бо суруди “хит” шудаи “Аз қудуми сафар”, “Суруди сол 2008”-ро бо таронаи “Гардамой” ва “Суруди сол 2016”-ро бо суруди “Латино” ба даст овардааст. Чанд муддат сурудҳои Шабнами Сурайё дар радиову телевизионҳои ватанӣ садо намедод ва худи ӯ низ аз иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ маҳрум гашта буд. Ҳолдонҳо сабаби кампайдо будани Шабнамро дар телевизиону чорабиниҳои давлатӣ дар “рӯйхати сиёҳ” қарор доштани ҳунарманд медонанд. Дар “рӯйхати сиёҳ” қарор доштан ва ё надоштан барои Шабнам умуман муҳим нест ва садди роҳи муваффақ гаштани ӯ низ шуда наметавонад. Ӯ ҳамоно тавоно ва гули сари сабади маҳфилҳост. Ҷоизаи “Tamoshow Music Awards 2016”-ро бо суруди “Бебаҳона” ва “Tamoshow Music Awards 2017”-ро бо таронаи “Ошиқ” ба даст овардааст. Дар хориҷ аз кишвар бошад, ҷоизаи “Big Apple Music Awards 2009”-ро бо суруди “Намедонам” дар шаҳри Ню-Йорки Амрико, “Daf Bama Music Awards 2015”-ро бо таронаи “Ин ошиқӣ”, “Daf Bama Music Awards 2016”-ро бо суруди “Кабки хушрафтор” ва “Daf Bama Music Awards 2017”-ро бо таронаи “Нам-нам” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон соҳиб шудааст.

14-уми октябри соли 2018 Шабнами Сурайё 37 солагии худро на дар тарабхонаи боҳашамату халқаи дӯстону ҳамкасбон, балки дар хонаи кӯдакони №2 шаҳри Душанбе бо тифлони бепарастору бемор таҷлил кард.

“Рости гап, ман чанд сол аст, ки таваллуди худро ҷашн намегирам ва имсол хостам, ки бо ятимону беморон ҷашн бигирам. Орзу дорам, ки ҳеҷ гоҳ ин дӯстрӯяконро падару модаронашон дар сари роҳ нагузоранд. Рости гап, ман инҳоро дидаму дилам дард кард. Аммо Худоро шукр, ки ман имрӯз бо инҳо ҳастам”,-гуфтааст бону Шабнам дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Инчунин, овозхон ба зиёда аз 90 кӯдаки ин кӯдакистон сару либос ҳадя карда, дастархони пур аз нозу неъматеро барояшон муҳайё намуд. Шабнами Сурайё дар баробари шинохтаву маъруф буданаш, пайваста ба чунин амалҳои хайр машғул аст. Моҳи сентябри соли 2018 Шабнам ба ҳаракати байналмилалии “Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил” пайваста буд. Ин ҳарака аз сӯи СММ сарпарастӣ мешавад ва Шабнам ба Ню-Йорк даъват шуда, дар нишасти сатҳи баланд доир ба бемории сил дар маҷмааи умумии СММ иштирок карда буд.

Шабнами Сурайё бонуи ҷаҳонгашта аст. Аз Русияву Осиёву Австралия сар карда, то Аврупову Амрико консертҳои худро барпо намуда, ба ҷаҳониён исбот кард, ки миллати тоҷик низ санъату фарҳанги худро дорад. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар барномаҳои консертияшро барпо намудааст. Аз замони ба саҳна омаданаш аз пироҳани миллии атласу чакан сар карда, тамоми намуди пироҳанҳои саҳнавиро ба бар кардааст. Албоми сурудҳо ва таронаву клипҳояш бошад, шумораи худро гум кардаанд. Суруду клипҳои “Танҳоӣ”, “Ту аҷаб хушрӯӣ”, “Иллоҳӣ”, “Макун фандам”, “Нам-нам”, “Маёзорам”, “Имшаб мехом маст бешам”, “Вафои дилам”, “Надоре”, “Гулӣ-гулӣ” аз пурбинандатарин суруду клипҳои имрӯзу дирӯзи Шабнам ба ҳисоб мераванд. Чуноне ки дар боло зикр кардем, миллионҳо нафар мухлиси Шабнам ҳастанд ва ҳар таронаи ҷадиди ӯ ба зудӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ тамошобини зиёд пайдо мекунад. Таронаи “Вафои дилам”, ки чанд сол қабл бо Садриддини Наҷмиддин суруда шудааст, то имрӯз дар шабакаи YouTube қариб 10 миллион нафар тамошо кардаанд.

Шабнам назар ба дигар сарояндагон сурудҳои тӯёна зиёдтар месарояд ва аз ҳамин ҷост, ки ӯро мардум зуд-зуд ба тӯю маъракаҳояшон даъват мекунанд. Даромади ягонаи овозхон низ аз ҳамин тӯю маҳфилҳост. Нархномаи Шабнам дар тӯйҳо барои се соат аз 3 ҳазор доллари амрикоӣ сар мешавад. Дар давоми фаъолияти чандинсолаи эҷодияш, Шабнами Сурайё боре ҳам дар барномаи хоҳ интернетӣ ва хоҳ телевизионӣ иштирок накардааст. Ин ҳама маълумоте, ки мо барои шумо ҷамъ овардем, аз сарчашмаҳои гуногун гирифта шудааст.

Мавод бо такя ба чандин сомонаҳои интернетӣ омода шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here