Ситораи тобноки эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ба зиёрати Примадоннаи санъати ӯзбек ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова рафтааст.

Дар ин бора ҳарду ҳунарманд ҳам дар саҳифаҳои Инстаграми худ хабар додаанд.

Тибқи иттилои қаблӣ, Юлдуз Усмонова бо шавҳараш ба зиёрати хонаи Худо рафта буданд. Пас аз бозгашт аввалин шуда Шабнами Сурайё ба зиёрати дугонаи ҳоҷибибияш рафтааст.

Дар аксе, ки ҳарду ҳунарманд ҳам дар саҳифаи Инстаграми худ нашр кардаанд, дида мешавад, ки дугонаҳо сари як пиёла чой дар хонаи Юлдуз Усмонова қарор доранд.

Чанде қабл ситораҳо оҳанги муштараки “Таролла Далли”-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруда буданд, ки имрӯз сафи тамошобинон дар шабакаи YouTube ҳадди 1,5 миллионро убур кардааст.

Худи Шабнами Сурайё низ соли 2014 бо духтараш Шарифамоҳ ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед ба зиёрати хонаи Худо рафта, унвони ҳоҷибибиро ба худ касб карда буданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here