Сарояндаи шинохтаи кишвар Шабнами Сурайё аз нашри суруд ва намоҳанги ҷадиди худ хабар дод.

Бо нашри як видео дар саҳифаи Инстаграми худ Шабнам Сурайё аз сабти суруду намоҳанги ҷадиди худ иттилоъ додааст.

Шабнам навиштааст: Ба наздикӣ дастраси кулли мухлисони азизам мегардонам

Дар видео дида мешавад, ки сароянда сурудхонон дар боғи фарҳангии ба номи “Рӯдакӣ” қадам мезанад. Аммо дар шарҳи видео навишта нашудааст, ки суруд бо намоҳангаш нашр мешавад.

Аз сайругашти сароянда маълум аст, ки намоҳанг сабт менамояд.

Порчае аз суруд:

Мазмуни худ дар чашмам дидӣ? 

Овози дил аз ҳарфам шунидӣ? 

Омадӣ-омадӣ хуш омадӣ, 

Аз боғи чашмони ман гул чидӣ… 

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here