Овозхони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Юлдуз Усмонова субҳи имрӯз бо сафари серӯза вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Сароянда дар ин бора бо акси дар фурӯдгоҳи Душанбе гирифтааш, дар сомонаи “Инстаграм” хабар додааст.

Овозхони маҳбуби кишвар, Шабнами Сурайё бо дастагули тару тоза ба пешвози Примадоннаи санъати ӯзбек баромадааст. Саша Бойко, як корбари шабакаи Фейсбук наворҳои вохӯрии ду овозхонро дар саҳифаи худ нашр кардааст.

“Бо як эҳсоси пур аз меҳру муҳаббат ба пешвозаш омадам. Худаш ва санъаташро хеле дӯст медорам. Барои ман ин як фахр аст”,-мегӯяд Шабнами Сурайё.

Дар навор дида мешавад, ки Юлдузро шавҳараш Мансур Агалиев дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад. Усмонова чун сафарҳои қаблӣ имрӯз низ аз ин сафар шод аст.

“Эҳсосотам аз ин сафар хеле хуб аст, чун борону сел паси сар шуд. ИншоАллоҳ ҳамааш хуб мешавад. Вохӯриву дидорбинӣ бо мухлисонам ҳамеша бароям фараҳбахш аст”,-мегӯяд овозхон дар навор.

Қарор аст, консерти овозхон шоми имрӯз, 26-уми апрел дар Амфитеатри “Аҳорун”-и шаҳри Душанбе, 27-уми апрел дар шаҳри Турсунзода ва 28-уми апрел дар Амфитеатри “Камоли Хуҷандӣ”-и шаҳри Хуҷанд баргузор бигардад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here