Суди олии шаҳри Мадрид овозхони колумбиягӣ Шакираро барои беиҷозат сароидани суруди овозхони дигар ба ҷавобгарӣ кашидааст, хабар медиҳад “РИА Новости”.

Ливан Кастеляно Валдес, овозхони кубӣ ба суди шаҳри Мадрид дар он бора шикоят намудааст, ки Шакира ҳамроҳ бо Карлос Вивес дар суруди “La Bicicleta”, ки соли 2016 суруда буданду то имрӯз дар шабакаи YouТube зиёда аз як миллиард нафар тамошо кардаанд, қисмате аз суруди 22 сол қабл сабт намудаи ӯро дуздӣ кардаанд.

Ливан Кастеляно Валдес суруди худро бо номи “Yo te quiero tanto” соли 1997 сабт намуда, аз ба экран баромадани он 22 сол сипарӣ гаштааст.

“Монандӣ танҳо дар чор калимаи матни тарона дида мешавад. Дар худи мусиқӣ ҳеҷ монандие ба чашм намерасад. Суръати мусиқӣ низ дигаргуна аст. Дар охир маълум карда шуд, ки ҳеҷ дуздие дида намешавад”,-омадааст дар номаи суди №12 шаҳри Мадрид.

Ин ягона ҳодисаи судии Шакира дар Испания нест. Дар моҳи июни соли равон парвандаи аз пардохти андоз саркашӣ намудаи ӯ дар суд баррасӣ хоҳад шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here