Фирӯз Сабзалиев, ҳунарманди тоҷики муқими Русия бо ҳамтоёни тоҷикаш тасмим гирифтааст, ки шакли овозии китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик”-ро сабт кунад.

Ба иттилои Созмони байналмилалии ғайритиҷоратии “Интернюс”, барои сабт беҳтарин ҳунармандони театр ва синамо ҷалб шуда, дар маҷмӯъ сабти 15 афсона бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ дар назар аст.

“Дар замони Шӯравӣ шакли овозии афсонаҳоро сабт мекарданд, аммо дар замони соҳибистиқлолӣ на. Ба ҳар ҳол ман дар ин бора нашунидам. Мо тасмим гирифтем, ки нахустин шакли овозии китоби афсонаҳоро сабт карда, ба ин кор замина гузорем”,-гуфтааст Фирӯз Сабзалиев, муаллифи лоиҳаи мазкур.

Дар ҳоли ҳозир сабти 15 ҳикоя, ки давомнокиаш ду соат мешавад, ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳар як қаҳрамони ҳикоя ҳунармандони номии театру синамои тоҷик бо лаҳчаҳои гуногуни забони тоҷикӣ овоз медиҳанд.

“Масалан, дар сабти ҳикояи якум, ки 20 дақиқа давомнокӣ дорад, 11 ҳунарманд иштирок мекунанд ва ҳар кадоме аз онҳо овози худро доранд. Тамоми нақл бо забони тоҷикист, вале барои ҳақиқӣ ва аслӣ баромадани ҳикояҳо ҳунармандон бо лаҳчаҳои гуногуни забони тоҷикӣ ҳарф мезананд”,-афзудааст муаллифи лоиҳа.

Дар ин баробар сабти се афсона бо забонҳои рӯшонӣ ва шуғнонӣ бо тарҷумаи забони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ҳикояҳо аз китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик”-и нашри соли 1975 интихоб шудаанд.

Сабти китоб то охири моҳи сентябри имсол ба анҷом расида, минбаъд хоҳишмандон онро метавонанд аз шабакаи Интернет зеркаш намоянд. Фирӯз Сабзалиев ният дорад, ки баъди сабти афсонаҳо ба сабти адабиёти бадеии калонҳаҷм бипардозад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here