Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, ҳаҷвнигори ширинкор имрӯз, 15-уми майи соли 2019 ба синни 54-солагӣ расид. 

Аловуддин Абдуллоев 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари (собиқ Қурғонтеппа) вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1989 Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, фаъолияташро дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон шурӯъ намудааст. Тӯли чанд соли охир роҳбарии театри мазкурро низ ба ӯҳда доштааст.

Номбурда дар театр, дар намоишномаҳои “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Бозиҳои манфиатҷӯёна”, “Ҳиллаҳои Аҷӯзкампир”, “Лаку Пак”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Давлати Сомониён”, “Масал бигӯ, Эзоп” ва “Найрангҳои Скапен” нақш офаридааст.

Дар филмҳои “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Тӯҳмат”, “Чоҳ”, “Кимиёи рӯз”, “Шоҳид”, “Интихоби ман”, “Дар орзуи падар”, “Боғоч”, “Фарзандони бегона”, “Қарзи виҷдон” ва “Хуррамдиёр” нақшҳои хубу хотирмонро бозидааст.

Ҳар ҳафта дар телевизионҳои давлатӣ саҳначаҳои ҳаҷвияш таҳти унвони “Шӯхиҳои Аловуддин” намоиш дода мешаванд. Айни замон роҳбарии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро бар дӯш дорад.

Аз соли 2006 Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва аз соли 2013 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мебошад.

Мо аҳли эҷоди сомонаи “Padida” мавсуфро бо ин санаи хотирмон табрику шодбош намуда, ба ҳунарманд барору комёбӣ дар ҷодаи ҳунар орзумандем.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here