Филми “Шитоб”-и коргардони тоҷик Муҳиддин Сулаймонӣ ба 72-юмин Фестивали байналмилалии филмҳои Канн роҳ ёфт.

“Шитоб” соли 2018 дар таҳияи коргардон Муҳиддин Сулаймонӣ аз тарафи Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” рӯи навор омада, пас аз зӯҳри санаи 22-юми майи соли ҷорӣ дар кинотеатри Фестивали филмҳои Канн намоиш дода шуд.

Муҳиддин Сулаймонӣ мегӯяд, иштирок дар чунин Фестивалҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як коргардон аст, вале умед надошт, ки филми ӯ ба ин Фестивал роҳ меёбад.

“Боварӣ доштам, вале умед надоштам, ки филми ман ба ин Фестивал роҳ меёбад. Ба ҳар ҳол намоиш хеле хуб гузашт. Пас аз намоиш бо рӯзноманигорон мулоқот намуда, ба суолҳои онҳо посух гуфтем. Аз ҳама муҳим дӯстони зиёд пайдо намудем”,-гуфт Муҳиддин Сулаймонӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба сомонаи “Padida”.

Филми “Шитоб” ҳамчун филми кӯтоҳмуддат ба Фестивали мазкур пешниҳод гардид ва дар натиҷаи ба талабот ҷавобгӯ буданаш имкони иштирок дар Фестивалро пайдо намуд. Худи филм аз 13 дақиқа иборат буда, банду баст ва танзимаш бо пешрафтатарин технологияи муосир анҷом дода шудааст.

Филми мазкур дар шаҳри Душанбе ба навор гирифта шуда, нақшҳои асосиро дар он Нозим Меликов, Ҷумъа Рустамӣ, Мавлона Наҷмиддинова ва Манижа Холова бозидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии филмҳои Канн шурӯъ аз соли 1946 ҳамасола дар шаҳри Канни Фаронса баргузор мегардад. Имсол Фестивал аз 14-ум то 25-уми май идома хоҳад кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here