“Манчестер Сити” дар даври 38-уми Премйер-лигаи Англия дастаи “Брайтон”-ро шикаст дода, бори дуюм қаҳрамони Англия шуд.

Ин дидор дирӯз, 12-уми майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Фалмер”-и шаҳри Брайтони Англия сурат гирифт.

Сараввал, дар дақиқаи 27-ум, Гленн Мюррей аз дастаи “Брайтон” (сармураббияш Крис Хютон) ҳисобро кушод ва пас аз як дақиқа Серхио Агуеро аз дастаи “Манчестер Сити”, ки сармураббиаш Пеп Гвардиола аст, тӯби ҷавобиро вориди дарвозаи рақиб гардонид. Баъди чанде ҳимоятгари дастаи “Манчестер Сити” Эмирика Лапорта як голи дигареро ба номи худ сабт кард ва қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи “Ман-Сити” ба охир расид.

Дар қисми дуввум бошад, шогирдони Пеп, Рияд Махрез ва Илкай Гюндоган тавонистанд, боз ду голи дигарро ба дарвозаи “Брайтон” ворид намоянд. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи “Ман-Сити” ба анҷом расид.

Лозим ба ёдоварист, ки баъди ин ғалаба холҳои дастаи “Манчестер Сити” ба 98 баробар шуд ва аз дастаи “Ливерпул” бо фарқияти 1 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Дастаи Юрген Клопп (Ливерпул) санаи 12 майи ҳамин сол, тавонист дастаи “Вулверхемптон”-ро бо ду голи Садио Мане шикаст диҳад. Аммо даста натавонист имсол соҳиби ҷоми Премйер-лига гардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Манчестер Сити” дар солҳои 2011/12 (89 хол), 2013/14 (86 хол), 2017/18 (100 хол) ва имсол бо гирифтани 98 хол қаҳрамони Англия шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here