Шоҳзодаи синамои ҳинд, Шоҳрух Хон барои хизматҳояш дар соҳаи ҳуқуқ ба унвони фахрии дараҷаи доктории Донишгоҳи ҳуқуқи Лондон сазовор дониста шуд. Дар ин хусус сомонаи “ZEE TV” иттилоъ додааст.

“Унвони фахрии дараҷаи доктории навбатии мо ба ҳунарпеша, продюсер ва гуманист (инсондӯст) Шоҳрух Хон барои хизматҳои шоёнаш оиди ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба адолат ва кам кардани ҷиноят супорида мешавад”,-омадааст дар сомонаи расмии Твиттери Донишгоҳи ҳуқуқи Лондон.

Шоҳрух барои чунин унвон ба роҳбарияти донишгоҳ миннатдорӣ баён намуда, ба ҷабрдидагони ҳамлаҳои заҳролуд изҳори ҳамдардӣ намудааст.

“Занҳоеро, ки бо кислота заҳролуд намудаанд, пурқувваттарин занҳое мебошанд, ки ман дар ҳаётам вохӯрдаам”,-гуфтааст Шоҳрух Хон.

Инчунин, ҳунарманд фонди хайриявии “Meer” низ дорад, ки ҳамеша ба занҳои аз ҳамлаҳои заҳролуд зарардида кӯмак мерасонад ва барои баланд бардоштани ҳуқуқи зан дар ҷомеа талош меварзад.

Ин унвони фахрии дараҷаи доктории аввалини Шоҳрух Хон набуда, инчунин, ду унвони дигар аз Донишгоҳи Бедфордшир ва Донишгоҳи Эдинбургро соҳиб аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here