Шоҳи синамои Болливуд, ҳунарманд ва ровӣ Шоҳрух Хон аз овозаҳои мардум умуман нороҳат нест ва бараъкс онҳоро ба хубӣ мепазирад.

Аз ба экран баромадани охирин филми Шоҳрух Хон “Сифр” (“Zero”) муддате нагузашта, мухлисонаш ӯро дар филми нав дидан хостанд. Овозаҳое низ паҳн шуда буданд, ки ҳунарманд барои нақшофарӣ дар чандин филм созишнома ба имзо расонидааст.

Ӯ бо оилааш ба минтақаҳои дур барои истироҳат меравад, то муддате аз мадди назари мухлисонаш дур бошад. Ҳамин тавр ҳам ӯро ба ҳоли худаш намегузоранд ва пайваста вирди номаш овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд.

“Дар ғайби ман барои иштирокам дар филмҳо созишнома имзо мекунанд, ки ҳатто худам хабарашро надорам. Ҷавонон ва духтарон, вақте дар филме иштирок кунам, шахсан худам хабар медиҳам, на каси дигар…”,-навишта буд Шоҳрух Хон дар саҳифаи Твиттераш.

Хабаргузории “Кинотека” менависад, ки ҳунарманд ҳафтае қабл дар бораи чандин филми наваш хабар додааст, вале кадом филмҳо, то ҳол маълумоти муфассал вуҷуд надорад.

“Ман аз болои ду-се филмномаи нав кор кардаистодаам. Баъди омода шуданашон ИншоАллоҳ ба шумо хабар медиҳам. Нафароне, ки ман бо онҳо кор мекунам, ниҳоят серкоранд, ба ҳамин хотир шахсан худам хабардор мекунам. Ва дар мавриди овозаҳо бошад, онҳо баъзан ба ман идеяи нав медиҳанд”,-гуфтааст ҳунарманд.

Шоҳрух Хон санаи 2-юми ноябри имсол 54-сола мешавад. Ӯ соли 1965 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон таваллуд шудааст. Аз оғози фаъолияташ (1988) то имрӯз дар 134 филм нақш офаридааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here