Сенариянавис ва коргардони шинохтаи ҳинд Виру Девган, падари ҳунарманд Аҷай Девган даргузаштааст, хабар медиҳад сомонаи “ZEE-TV”.

Ба иттилои манбаъ, Виру Девган шоми 26-уми майи соли равон ба бемористон интиқол дода мешавад, зеро вазъи саломатияш якбора бад шуда, нафаскашияш мушкил мегардад. Вале мутаассифона субҳи 27-уми май дили коргардон аз тапидан боз мемонад.

Маросими видоъ бо Виру Девган шаби 27-уми май баргузор гардида, кулли ҳамкасбони ӯ, аз ҷумла Шоҳрух Хон, Айшвария Рай, Абхишек Баччан, Санни Деол, Санҷай Датт ва дигарон ба таъзияи Аҷай Девган ва ҳамсари ӯ Каҷол Девган омадаанд.

Аҷай Девган писари Виру Девган буда, аз зумраи маъруфтарин ҳунармандони ҳинд ба шумор меравад. Аҷай соли 1999 бо ҳунарманди шинохтаи ҳинд Каҷол оиладор шуда, инак 20 сол мешавад, ки ҳамроҳ зиндагӣ доранд.

Маврид ба ёдоварист, ки қариб тамоми умри Виру Девган дар саҳнаи наворбардорӣ гузашта, дар Болливуд ба сифати сенариянавис, коргардон ва ҳунарманд фаъолият кардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here