Шоми 7-уми августи соли равон дар саҳни бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси маҳфили “Лабханди ҷавонӣ”-и кумитаи мазкур таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ бо Лабханди ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон барпо карда шуд.

Гурӯҳи ҳаҷвнигорон ва сарояндагону навозандагони ҷавон хотири варзишгарон, кормандони кумита, хабарнигорони сомонаи “Padida” ва ҳозиринро бо суруду оҳанг ва ҳазлҳои намакин шод гардониданд.

Амирҷон Муродов ғолиби озмуни “Овози тиллоӣ”, Ҳаётҷон Ҳамрохонов ва Афзалшоҳи Сафарзод ғолиби озмуни “Парвин” мебошанд. Некрӯз Ҳайдаров ва Шаҳриёр Ҳабибов низ дар маҳорату истеъдод аз дӯстони худ камӣ надоранд.

Номбурдаҳо дар баробари машғул шудан ба овозхонию навозандагӣ, инчунин, аз зумраи фаъолтарин волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here